Маълумоти охирин

САНЪАТИ КИНО

САНЪАТИ КИНО, як навъ санъатест, ки асарҳояш бо роҳи ба филм бардоштани воқеаҳои реалии ҳаёт, инсенировкаи онҳо ё фоида бурдан аз воситаҳои мултипликатсия офарида мешавад. Санъати кино дар асоси ихтирооти техникӣ ба вуҷуд омада, таҷрибаи дигар навъҳои санъат (адабиёт, театр, мусиқӣ, санъати тасвирӣ)- ро истифода мебарад ва аз ин рӯ, киноро санъати синтетикӣ мегӯянд. Санъати кино дар айни замон воситаҳои ифодаи худро дорад, ки онҳо имконият медиҳанд, ҳаёт бо образҳои бадеӣ, аёнӣ ва зинда аз нав инъикос шавад. Асари санъати кино — филм маҳсули эҷодии якҷояи санъаткорони гуногун (кинодраматург, режиссёр, актёр, оператор, рассом, бастакор ва ғайра) мебошад. Ҳар як фильм дар ду ҷараён — эҷодӣ ва истеҳсолӣ офарида мешавад. Ҷараёни эҷодӣ ҳалли масъалаҳои ғоявӣ, ҳаётӣ, бадеӣ ва образнокии филми ояндаро дар бар мегирад. Кинодраматург мавзӯи дар ҳаёт дида ва омӯхтаашро ба шакли сенария иншо мекунад; режиссёри таҳиягар таносуби ягонаи ҳақиқатнигорӣ ва боварибахши ҳамаи ҷузъҳои бадеӣ ва тасвирии филмро меҷӯяд; оператори филмбардор композитсияи тасвирии кадру саҳнаҳоро муайян менамояд; рассом тарҳи декоратсия, сарулибос, ҷои филмбардориро ба рӯи коғаз меорад; бастакор мусиқӣ ва сурудҳои филмро тасниф мекунад; актёр дунёи маънавӣ, эҳсосот ва тафаккури онро мекушояд. Ҷараёни истеҳсоли филм бошад, ташкили гурӯҳи банаворгирӣ, таъмини таҷҳизоти техникӣ, давраи банаворгирӣ, коркарди лабораторӣ ва ба намоиш тайёр кардани филмро дар бар мегирад.

kino

Кино воситаи муҳими тарғибу тарбия, паҳн намудани дониш, фикру ғояҳои пешқадами ҷамъиятӣ мебошад. Ҳа-мин ҷиҳати киноро ба назар гирифта, Владимир Илич Ленин гуфтааст: «… аз ҳамаи санъатҳо барои мо муҳимтаринаш киност». Таърихан 4 намуди асосии кино шакл гирифтааст: бадеӣ, ҳуҷҷатӣ, мултипликатсионӣ ва илмӣ-оммавӣ. Филми бадеӣ бо адабиёту театр қаробат дошта, аз имкониятҳои эпос, лирика ва драма баҳраманд мешавад. Дар кинои ҳуҷҷати унсурҳои публисистика мавқеи намоён дошта, образ бевосита аз материали ҳаёт ба навор гирифта мешавад ва тавассути монтажи кадрҳо, таҷассуми тасвирӣ ва маънидодкунин онҳо дар матн рабту равиши муайяне ҳосил мекунад. Образҳои филми мултипликатсионӣ ба истифодаи графика ва лӯхтак асос ёфта, дар на- тиҷаи ба навор гирифтапи фазаҳои алоҳидаи беҳаракат ва бо суръати муайян монтаж намуда, намоиш додани он фазаҳо офарида мешавад. Дар филмҳои илмӣ-оммавӣ ва таълими усул ва воситаҳои тасвиру ифодаи ҳар се намуди кино васеъ истифода мешаванд. Кинематогра- фия дар солҳои 90 асри 19 ба вуҷуд омад. Асоси онро воситаҳои техни- кие ташкил доданд, ки ба туфайли бозёфтҳои илмӣ дар соҳаи оптика, химия ва механика ихтироъ гардидаанд. Таърихи инкишофи Санъати кино шартан ба 4 давра тақсим мешавад. Давраи 1-ум аз вақти ихтирои кинематограф (бо саъйи бародарон Л. ва О. Люмерҳо, 1895) то охири Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18.). Аввал кино чун аттраксион буда, сеансҳо 20— 40 дақиқа давом мекарданд ва дар онҳо маҷмӯи филмҳои хурд намоиш дода мешуданд. Кино дар дасти сармоядорон воситаи сарват буд. Пешоҳанги кинои франсавӣ Ж. Мелес дар филмҳояш («Золушка», 1899, «Саёҳат ба Моҳ», 1902, «Ҳокимияти фариштаҳо», 1903 ва ғайра) бори аввал усули трюкро истифода бурд. Солҳои 1908—10 нишонаҳои Санъати кино— бадеият, образнокӣ, ҳунари бозингарӣ, режиссура, маънидоди кадру композитсияи филм ва ғайра пайдо шуда, кино ба олами адабиёт ва театр роҳ меёбад. Дар филмҳои студияи франсавии «Филм д’Ар» [масалан, «Кушта шудани Герсог Гиза», режиссёр А. Калметт) ҳамкории нависандагон, драматургон ва актёрон бештар зуҳур ёфта буд. Фаъолияти актёри мазҳакавии франсавӣ М. Линдер (1883—1925) ҳамон солҳо ҷараён гирифта буд. Дар солҳон Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Америка маркази азими кино — Голливуд таъсис ёфта, М. Сеннетт, Т. Инс, Д. Гриффит барин кинорежиссёрҳо дар таърихи кино мақоми намоён пайдо наму- данд. Актёр ва режиссёри машҳур Чарли Чаплин дар филмҳояш «Кучак» (1921), «Зиёратгар» (1922), «Васвасаи тилло» (1925), «Сирк» (1928) ва ғайра тавассути ханда ҷамъиятя буржуазиро ҳаҷв карда, ғояҳои гуманистиро тарғиб менамуд. Кинематография дар Россия низ интишор ёфт. Аввалин филми бадеии рус— «Озодихоҳе аз поёноб» (1908, режиссёр А. Дранков) лаҳзаҳои ҳаёти сарвари исёни халқӣ Степан Разинро тасвир мекард. Дар тараққиёти кинои рус хизмати кинорежиссёрҳо Б. Бауер, Я. Протзанов, актёрҳо В. Холодная ва И. Мозжухин, пешоҳанги мултипликатсияи рус. В. Старевич ва дигар калон аст. Давраи 2-юми инкишофи Санъати кино солҳои 20— давраи ба санъатя мустақил табдил ёфтани кинои беовозро дар бар мегирад. Дар ташаккул ва инкишофи Санъати кинои ин давра ҳиссаи кинематографияи советӣ хеле калон аст.
Таърихи кинои советӣ бо имзо гардидани декрети махсус аз тарафи Владимир Илич Ленин (27 августи 1919) дар бораи миллӣ гардондани кинематография сар шудааст. Бо филмҳои хуҷҷатии оператор ва режиссёр Д. Вертов «Қадам зан, Совет» (1926), «Дар шашяки ҷаҳон» (1926), филмҳои бадеии кинорежиссёрҳо Л. Кулешов — «Саргузаштҳои аҷоиби мистер Вест дар мамлакати болшевикҳо» (1924), С. Эйзенштейн —«Корпартоӣ» 1925), «Киштии зиреҳпӯши «Потёмкин» (1925), «Октябр» (1928); В. Пудовкин—*Модар» (1926), «Заволи Санкт-Петербург» (1927); Л. Довженко — «Арсенал» ‘ (1929), «Замин» (1930), Н. М. Шенгелая — «Элисо» (1928) ва дигарҳо асоси кинои револютсионии советӣ гузошта шуд. Асарҳои ин классикон Санъати киноро на танҳо аз ҷиҳати маъниву сифаташ ба пояи нав бардоштанд, балки назарияи ин санъатро низ пеш бурданд. Дар солҳои 20 дар кинои франсавӣ ҷараёни «авангард» таъсис ёфт, ин рӯҳияи зиддибуржуазӣ дошта, ба он Л. Деллюк, Ж. Энштейн, Ж. Дюлак ва дигар дохил мешуданд. Режиссёрони реалисти франсавӣ А. Ганс. Ж. Ренуар, Р. Клер, Ж. Фейдер фаъолияти эҷодиашонро аз ҳамин ҷараён оғоз кардаанд. Дар Германия филмҳои экспрессионистӣ (режиссёрон Р. Вине, П. Лени ва дигар) ва реалистии рӯҳияи демократӣ дошта режиссёрон Ф. Мурнау, К. Грюне, Г. Пабст) ба вуҷуд омаданд. Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Голливуд ба дасти сармоядорон гузашта, дар он асосан истеҳсоли филмҳои тарғибкунандаи ахлоқи буржуазӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин филм-ҳои иҷтимоию танқидии режиссёрон Чарли Чаплин, Э. Штрогейм ва К. Видор шӯҳрат ёфтанд. Давраи 3-юм солҳои 30— нимаи аввали солҳои 40-ро дар бар мегирад. Дар ин давра кино воситаи тавонои ифодаи фикру ҳиссиёт — овозро соҳиб мешавад. Солҳои 30 кинои овоздори советӣ комёбиҳои нави эҷодӣ ба даст овард. Филмҳои таърихию револютсионӣ («Чапаев», 1934, режиссёрон Г. ва С. Василев-ҳо; трилогия дар бораи Максим, 1935 —39, режиссёрон Г. Козинцев ва Л. Трауберг; «Мо аз Кронштадт», 1936, режиссёр Е. Дзиган; «Щорс», 1939, режиссёр А. Довженко), филмҳо дар бораи Владимир Илич Ленин («Ленин дар Октябр», «Ленин дар соли 1918», 1937—1939, режиссёр М. Ромм; «Одами милтиқдор», 1938, режиссёр С. Юткевич), филмҳои мазҳакавии Г. Александров ва И. Пырев ва дигар кинои советиро ба зинаҳои нав бардоштанд. Дар ҳамин давра дар Франсия Санъати кино бештар сифатҳои реалистӣ пайдо мекунад («Бозии калон», 1934, режиссёр Ж. Фейдер; «Соҳили туманҳо» 1938, режиссёр М. Карне; «Хаёли бузург», 1937, режиссёр Ж. Ренуар); дар Англия кинои ҳуҷҷатӣ тараққӣ карда (гурӯҳи Ҷ. Грирсон), дар Германия кино ба аслиҳаи пропагандаи фашистӣ мубаддал мегардад. Дар Голливуд (Штатҳои Муттаҳидаи Америка) филмҳои мусиқӣ ва таърихӣ, филмҳои «даҳшат» бештар истеҳсол мешаванд. Баъзе кинорожиссёрҳои америкой — Ч. Чаплин («Замонҳои нав», 1935; «Диктатори бузург», 1941), V. Уайлер, К. Видор ва дигар филмҳои ба-ландғояи реалистӣ меофаранд. Давраи 4-уми инкишофи Санъати кино дар мамлакатҳои гуногун аз нимаи дуюми солҳои 40— нимаи якуми солҳои 50 оғоз сфтааст. Ин давра бо пешравию бозёфтҳои Санъати кинои миллии мамлакатҳои лагери сотсиализм ва бисёр мамлакатҳои соҳибихтиёри Африка, Осиё ва Америкаи Лотинӣ характернок аст. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Санъати кино майлу равияҳои нави эҷодӣ падид омаданд. Дар Италия неореализм («Рим — шаҳри бедарвоза», 1945, режиссёр Р. Росселлини; «Замин меларзад», 1948, режиссёр Л. Висконти), дар Франция «мавҷи нав» («Хиросима, муҳаббати ман», 1959 режиссёр А. Рене), дар ШМА ва Японпя кинои «мустақнл» (филмҳон С. Крамер, С. Кубрик, Р. Перри; А. Куросава, С. Ямамото) нашъунамо ёфтанд. Дар Ҳиндустон, Эрон, Туркия, мамлакатҳои араб бозёфтҳои кинои миллӣ мушоҳида мешуданд. Солҳои 50—60 давраи нави икишофи Санъати кинои советӣ оғоз ёфт. Қувваҳои нави эҷодӣ ба майдон омада, филмҳо шаклан ва мазмунан ғанитар гардиданд. Кинематографистон ба мав-зӯъҳои револютсия, ҷанг ва ҳаёти муосир рӯ оварда, таваҷҷӯҳи худро на ба тафсили воқеаҳо, балки бештар ба таҳқиқи бадеию фалсафии ҳаёт, олами эҳсосот ва андешаҳои қаҳрамон равона сохтанд. Филмҳои М. Калатозов («Парвози турнаҳо», 1957), Ю. Райзман («Коммунист», 1959; «Ҳамзамони ту», 1967), М. Ромм («Нӯҳ рӯзи як сол», 1962), С. Бон-дарчук («Қисмати инсон», 1959). Г. Чухрай («Қиссаи аскар», 1959; «Ос-мони соф, 1962) ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Ба экран баровардани асарҳои классикон қувват гирифт («Ҳамлет», 1964, режиссёр Г. Козинцев; «Ҷанг ва сулҳ», 1966—67, режиссёр С. Бондарчук), кинои бачагона ва мултипликасияи советӣ (филмҳои А. Птушко, Ф. Хитрук ва дигар) тараққӣ кард. Санъати кино дар республикаҳои миллӣ низ ташаккул ёфт. Филмҳои ӯзбекии «Алишер Навоӣ», трилогияи «Тӯфон дар Осиё» (1948, 1967, режиссёр К. Ерматов), «Ту ятим нестӣ», «Тошкент — шаҳри нон» (1963, 1967, режиссёр Ш. Аббосов), қирғизии «Салтанат» (1955, режиссёр В. Пронин), «Муаллими нахустин» (1965, режиссёр А. Михалков-Кончаловский), гурҷии «Падари аскар» (1965, режиссёр Р. Чхеидзе), литвонии «Ҳеҷ кас мурдан намехост (1966, режиссёр В. Жалакявичус ва ғайра) ба тараққиёти кинои сермиллати советӣ саҳми калоне гузоштанд. Кинои тоҷик қисми ҷудонашавандаи Санъати кинои советист. Аввалин киножурналҳои «Тоҷикистони советӣ»-ро В, Куанн, А. Шович ва И. Гезуллин ба навор гирифтаанд. Бо қарори ЦИК ва Совнаркоми республика аз 30 апрелп 1930 трести «Тоҷиккино» таъсис ёфт. Равияи асосии кинопублисистикаи солҳои 30 «агитпропфилм» буд, ки он воқеияти нави сотсиалистиро тарғиб менамуд («Аз пахта то газвор», «Аз омоч ба плуг», «Кирми тиллоӣ» ва ғайра). Филми ҳуҷҷатӣ-бадеии нахустин кинорежиссёри миллии то-ҷик К. Ёрматов «Ҳуқуқи фахрӣ» (1932) ба офаридани филмҳои бадеӣ замина муҳайё кард. Дар филмҳои «Вақти ҳалокати амирон» (1932, ре-жиссёр Л. Печорина), «Муҳоҷир» (1934, режиссёр К. Ёрматов) мубо-ризаи синфӣ ва психологияи деҳқони миёнаҳол инъикос ёфтаанд. Сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ мавзӯи аввалин филмҳои овоздори тоҷик — «Бог» (1938, режиссёр Н. Достал), «Дӯстон аз нав вомехӯранд» (1939, режиссёр К. Ёрматов) гардид. Филми «Фарзанди Тоҷикистон» (1942, ,режиссёр В. Пронин) дӯстии дар фронт обутобёфтаи халқи русу тоҷикро тасвир мекунад. Солҳои баъди ҷанг кинои ҳуҷҷатӣ тараққӣ кард («Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», 1946, 1951, режиссёр Б. Кимёгаров). Филми «Дохунда» (1956, режиссёр Б. Кимёгаров) марҳалаи наво дар тараққиёти кинои бадеии тоҷик гардид. Минбаъд дар мавзӯъҳои таърихӣ ва таърихӣ-револютсионӣ («Қисмати шоир», 1959, режиссёр Б. Кимёгаров; «Бачагони Помир», 1963, режиссёр В. Мотыл; «Марги судхӯр», 1966, режиссёр Т. Собиров), тасвири ҳаёти муосир — озодии маънавии зани тоҷик («Зумрад», 1962, режиссёр А. Раҳимов, А. Давидсон) ва офаридани филмҳои мазҳакавӣ («Ман бо духтаре вохӯрдам», 1957, режиссёр Р. Перелштейн) кинематографистони тоҷик комёбиҳо ба даст оварданд. Солҳои 60— аввали 70 дар кинои тоҷик як гурӯҳ таҳиягарони ҷавон ба кори эҷодӣ шурӯъ намуданд, ки ба асарҳои онҳо навоварӣ дар мавзӯю жанр, ҷустуҷӯи воситаҳои нави бадеӣ хос мебошанд. Дар филмҳои М. Орифов («Нисо», 1966), С. Ҳомидов («Қиссаи маҳбаси Павиак», 1970), М. Қосимова («Ҷӯрасаркор», 1969), А. Тӯраев («Духтари сеюм», 1970) характерҳои ҷолиби миллӣ офарида шудаанд. Ҳаматарафа омӯхтани таърих ва адабиёти миллӣ сабаби пайдоиши як силсила филмҳои таърихӣ гардид, ки онҳо аҳамияти актуалӣ пайдо намуданд («Ситорае дар зулмот», 1972, режиссёр А. Раҳимов ва И. Усов; асари сегонаи Б. Кимёгаров дар асоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ—«Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», 1971, «Достони Сиёвуш», 1976). Дар мавзӯъҳои интернатсионалӣ низ филмҳо офарида шуданд. («Асрори қабила», 1972, режиссёр М. Орифов дар бораи муборизаи халқи ёқут барои ҳаёти нав; «Субҳи Ганг», режиссёр Л. Файзиев дар бораи озод- фикрони ҳинд, ки дарси мактаби муборизаи инқилобӣ меомӯзанд). Соли 1969 дар «Тоҷикфилм» сектори филмҳои телевизионӣ таъсис ёфт ва он махсус барои Телевизиони Марказӣ даҳҳо филм истеҳсол намуд. Аз онҳо махсусан киноромани «Чор нафар аз Чорсанг» (1972, режиссёр М. Қосимова), телесериалхои «Ҳеҷбудагон ҳама кас шаванд» (1974—1975 режиссёр Т. Собиров), «Одам ‘пӯсташро иваз мекунад» (1977—1979, режиссёр Б. Кимёгаров) ҷолиби диққатанд. Чанде аз асарҳои кинои тоҷик— «Ба Труковес кӣ меравад» (1977, режиссёр В. Аҳадов), «Ишқи аввалини Насриддин» (1977, режиссёр А. Тураев), «Зане аз диёри дур», «Боз, як шаби Шаҳрзод» (1980, 1984, режиссёр Т. Собиров), «Асрори оила» (1983, режиссёр В. Аҳадов) масъалаҳои иҷтимоӣ ва ботини маънавии инсонро таҷассум намудаанд. Дар солҳои 80-ум насли нави режиссёрони кинои тоҷик — Д. Худоназаров «Субҳни нахусти ҷавонӣ», 1979, «Марди роҳ», 1982), Б. Содиқов («Айёми туманҳои зимистон», 1982), Ю. Юсуфов («Ҷинояткор ва му-ҳофизон», 1981), О. Тӯлаев («Ишқи ман — инқилоб», 1981), А. Кудуссов («Агар дӯст дорӣ…», 1982) ба бозёфтҳои тозаи эҷодӣ ноил шуданд. Дар солҳои 60— 70 офарандагони кинои ҳуҷҷатии тоҷик асарҳое эҷод намуданд, ки ба онҳо сабки милливу шоирона, маънидодҳои фалсафии ҳаёт, офариниши характерҳои реалии инсонӣ хос мебошанд («:Алла», 1966, режиссёр Д. Худоназаров, «Сеҳрофарин», 1970, режиссёр Е. Кузин, «Кино», 1971, режиссёр В. Эрванс, «Кӯҳтал», 1971 ва «Мавлуда», 1979, режиссёр Б. Содиқов ва ғайра). Дар филмҳои ҳуҷҷатии солҳои охир қарзи гражданӣ ва интернатсионалии ҳалқи мо, дигаргуниҳои ҳаёт ва симои наҷиби муосирон инъикоси хосаи худро ёфтаанд ‘(«Як каф хоки Ватан», 1968, «Иван-тоҷик», 1973, «Хақиқати Инқилоби Савр», 1980, «Ин баҳор дар Кобул», 1984, режиссёр Е. Кузин; «Тавлид», 1984, режиссёр Д. Худоназаров, «Ҳашар», 1972, «Замини бачагон». 1979, режиссёр Е. Кимёгарова, «Мӯйсафедон», 1979. «Донаҳои зиндагӣ», 1982 М. Юсуфова ва ғайра).
Адабиёт: Самое важное из всех искусств. Ленин о кино Москва, 1973: Мирзошоев С., Роҳи кинои тоҷик, Душанбе, 1’973; А ҳ р ор о в А., Таджикское кино, Душанбе, 1971.
А. Аҳроров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …