Маълумоти охирин
Главная / Илм / САНЪАТИ ҚАНДАҲОР

САНЪАТИ ҚАНДАҲОР

САНЪАТИ ҚАНДАҲОР, мактаби машҳури бадеии замони Кушониён (а-срҳои 1—3 милод), ки баробари «санъати сулолави»-и Кушониён вуҷуд дошт. Номи ин санъат аз номи вилояти Қандаҳор (поёноби дарёи Кобул ва як қисми водии дарёи Ҳинд) бармеояд. Як гурӯҳ муҳаққиқон Санъати Қандаҳорро ба санъатн юнонию буддоӣ, гурӯҳи дигар ба римию буддоӣ нисбат медиҳанд. Баъди ҳафриёти Сурхкӯтал бостоншиноси франсавӣ Д. Шлюмберже фарзияе пешниҳод кард, ки мувофиқи он Санъати Қандаҳор дар заминаи санъати юнонию эронӣ ба вуҷуд омада, минбаъд дар Бохтар ташаккул ёфтааст. Пешгӯиҳои Д. Шлюмберже оид ба мавҷуд будани ҳайкалҳо ва ёдгориҳои меъмории хоси юнонӣ дар замони эллинизм ҳангоми кашф ва ҳафриётҳои минбаъдаи димнаи Ойхонум тасдиқ гардиданд. Дар ташакқули Санъати Қандаҳор анъанаҳои бадеии маҳаллии Бохтар, инчунин инкишофи мавзӯъҳои алоҳида ва усулҳои техникии санъати Шарқи Пеш ва Юнон мавқеи калон доштанд.
Намунаҳои Санъати Қандаҳор пеш аз ҳама релефҳои рӯи сангу гач буда, дар онҳо атокунандагон (худоҳо), лаҳзаҳо аз ҳаёти Буддо Шакямуна ва буддоҳои пешгузашта тасвир ёфтаанд. Ба ғайр аз релефҳои маъбад ва ибодатгоҳҳо тасвироти Буддо дар шакли фигураи нишаста ё ростистода пайдо шуданд. Баъзе ҳайкалҳои дар давраҳои аввали Санъати Қандаҳор офаридашуда худои юнониҳо Аполлонро ба хотир меоранд. Тасвири антророморфии Буддо бори аввал маҳз дар аҳди Кушониён дарСанъати Қандаҳор ва Матхура пайдо шудааст. Одатан тасвирот дар баландрелеф (горелеф) бар рӯи варақасанги сабз ё гач канда мешуданд. Мураккабии Санъати Қандаҳор дар омезиши ду тарзи тасвири бадеии он зоҳир гардидаанд: образи худоҳои асосии буддои идеализасия карда шуда, тасвири худоҳои дуюмдараҷа ва аъё-ну ашроф нисбатан реалистона акс ёфтаанд. Баробари ба Осиёи Миёна роҳ ёфтани буддоия маданияти буддоӣ, анъанаҳон ахлоқию эстстикӣ ва образу услубҳои бадеии он низ паҳн шуданд. Қандаҳор, ки яке аз марказҳои таълимоти буддоия ба шумор рафта, дар он ба ақидаи аксари муҳаққиқон, пойтахти давлати Кушониён воқеъ буд, дар ин бобат роли калон бозид. Таъсири Санъати Қандаҳор дар ёдго- риҳон Ҳайратон, Қаротеппа ва Фаёзтеппа, дар ибодатгоҳи димнаи Дилварзинтеппа, дар ҳайкалчаҳои сафолии Чимқурғон ва Мортеппаи водии Ҳисор, дар санъат ва маданияти Осиёи Миёнаи давраҳои минбаъда низ ба назар мерасад. Комплексҳои буддоӣ, ба монанди маъбади Аҷинатеппа, ибодатгоҳи Қалъаи Кофарниҳон бар алоқаи байни Санъати Қандаҳор ва маданияти Осиёи Миёнаи ибтидои аср- ҳои миёна далолат мекунанд. Санъати Қандаҳор мероси умумии халқҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Тоҷикистон мебошад.
Адабиёт: Пугаченкова Г. А., Искусство Бактрии эпохи кушан, Москва, 1979; Н. Неъматов, Е. П. Денисов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …