Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТИ ИБТИДОӢ

САНЪАТИ ИБТИДОӢ

САНЪАТИ ИБТИДОӢ, санъати давраҳои қадимтарини инсонист, ки тақрибан 30 ҳазор сол муқаддам, баробари пайдоиши одами типи ҳозира Ноmо (одами оқил) ва пайдоишу инкишофи маданияти археологии давраи охири палеолит ба вуҷуд омадааст. Бо такомули олоти меҳнат диди эстетикӣ ва олами маънавии одами қадим ғанӣ гашта, майлу зарурати инъикоси мавҷудоту махлуқот ва ҳодисоти олами атроф пайдо шуд. Инсон ба рӯи санг, устухон, девор ё ягон ашёи сахт, тавассути ранг ва кандакорӣ тасвирот ва нақшу ниго- ри содда мекашид.

sanati-ibtido-naksh
Ёдгориҳои Санъати ибттидоӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: 1) Тасвирот ва кандакории девору сақфи мағораҳо. Нақшу нигорҳо одатан пешгаҳ ва сақфи мағораҳоро оро медоданд. Тасвирҳо аксар якранга ва ҳарранга буда, одатан релефҳои аз лой ё санг сохташуда низ ба ин гурӯҳ мансуб буданд. 2) Намунаҳои хурди санъат, ки онҳоро ба нақшу нигор ва ороиши бадеӣ (кандакорӣ дар устухон), инчунин ҳаккокии рӯи санг ҷудо кардан мумкин аст. Аксарияти тасвироти давраи палеолит ба парастиши фаровонҳосилӣ ва урфу одати шикорчиён вобаста буд. Санъати палеолит хеле нобаробар интишор ёфтааст. Ёдгориҳои санъати ин давра аз Франсия, Испания, Италия, Англия, Республикаи Демократии Германия, Республикаи Федеративии Германия, Чехословакия, мамлакатҳои Осиё, Африка ва ғайра ёфт шудаанд. Намунаҳои тасвироти мағораҳо ва кандакории рӯи устухон бештар дар ҷануби ғарби Франсия ва кӯҳҳои Пиренеи Испания ба даст омаданд.
Тасвироти мағораҳои Алтамир (Испапия), Леско, Нио, Се бародарон, Рифиняк (Франсия, Тюк де Идубер, Монтеспан, Лоссел бо хубии релефи худ маълуманд.
Дар дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дастпонаю ҳайкалчаҳои паррандаҳо (аз Мезинаи Украина), ҳайкалчаҳои занона (аз Сибир), аспчаҳо аз устухон ва дандони мамонт ёфт шуданд. Дар мағораҳои Капова (Урал) бо рангҳои сурх расми мамонту аспро кашидаанд. Дар Осиёи Миёна ба ҷуз ороишоти рӯи қайроқсангу тӯшмоҳиҳо (мағораи Шахта, Соймалитош ва ғайра) то ҳол дигар осори Санъати ибтидоӣ пайдо нашудааст.
Бозёфтҳои зиёд шаҳодат медиҳанд, ки дар расмҳои ин давра асо- сан ҳайвонот, хусусан асп, бизон, мамонт тасвир ёфта, одамон ба тав- ри рамз кашида шудаанд.
Давраҳои минбаъдаи Санъати ибтидоӣ ба инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, тақстмоти ҷамъиятии меҳнат дар аввалҳои парокандашавии ҷамоаи ибтидоӣ ва ташаккул ёфтани ҷамъияти синфӣ вобаста буд.
Санъати бой ва гуногунранги ибтидоӣ то асрҳои 19—20 дар байни халқҳое, ки муносибатҳои ҷамоаҳои ибтидоиро маҳфуз медоштанд, мавҷуд буд (халқҳои таҳҷоии Австралия, Океания, Америкаи Ҷанубӣ ва Африка).
Адабиёт: Абрамова 3. А., Изображения человека в палеолитическом искусстве Евразии, Москва—Ленинград, 1966; Окладников А. П., Утро искусства, Москава 1967; Мириманов В. Б., Первобытное и традиционное искусство, Москва, 1973.
В. Л. Ранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …