Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТҲОИ БАДЕӢ

САНЪАТҲОИ БАДЕӢ

САНЪАТҲОИ БАДЕӢ, яке аз воситаҳои муҳими тасвири бадеӣ, ки бо ёрии онҳо санъаткор фикр, ғояву мақсад ва мазмунеро дар шакли мӯъҷазу таъсирбахш ифода менамояд. Санъатҳои бадеӣ воситаи муҳим ороиши сухан буда, дар адабиёти бадеӣ ҳамчун унсу- ри шакл сохти нисбатан устувори анъанавӣ доранд. Санъатҳои бадеиро дар адабиётшиносии гузаяша илми бадеъ гуфтаанд, ки он яке аз ҷувъҳои сегонагии илми балоғат, яъне маонӣ, баён ва бадеъ аст. Дар гузашта аркони баён, бадеъ ва маонӣ аз ҳамдигар фарқ мекарданд.

book-1

Масалан, талмеҳ, истиора, муболиға, киноя аз воситаҳои баён буданд, вале дар замони ҳозира ҳамаи онҳоро Санъатҳои бадеӣ мегӯянд. Дар адабиёти асрҳои миёнаи тоҷик Санъатҳои бадеӣ ҳамчун шакли ифодаи маъно маъмул будаанд. Санъатҳои бадеӣ шакли асосии тасвири бевосита ё образноки воқеият мебошанд. Дар санъати бадеӣ калима ҳамчун шакли бавоситаи ифода аксаран ба маънии аслии худ намеояд. Масалан; дар ҷумлаи «Шере ба майдон омад» калимаи «шер» ба маънои аслӣ — дарранда наомада, балки одами далерро ифода мекунад. Санъатҳои бадеӣ ҳамчун воситаи ифода шакли дорои маъно ва дар айни замон шакли тафаккури эҷодиёт нависандаанд. Вазифаҳои маънавию шаклии ҳамаи Санъатҳои бадеӣ як хел нест. Санъатҳое, ки образи шеърӣ ба вуҷуд меоранд, Санъатҳои бадеии асосӣ мебошанд. Ягонагии инъикоси бадеӣ ба маҷмӯи образҳои шеърӣ ва образҳои мутаҳаррик, хоҳ лирикӣ ва хоҳ этикӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, образи шеърӣ ҳамон ҷузъиёти бадеии асар аст, ки бунёди образноки асари бадеиро фароҳам меорад. Ба ин гурӯҳ ташбеҳ, истиора, талмеҳ, киноя, тазод, иғроқ, ирсоли масал ва ғайра ме- дароянд. Қисми зиёди Санъатҳои бадеиро тарзҳои гуногуни баёни маънӣ дар байти шеър фаро мегирад (тарсеъ таҷнис, ҳусни матлаъ, ҷамъу тафриқу тақсим, мурооти назир, тааҷҷуо, исттғроқ, акс, суолу ҷавоб ва ғайра). Баъзе аз Санъатҳои бадеӣ бунёди лафзбозӣ ва шакл- парастӣ доранд (санъатҳои мақлуб, музореъ, мувашшақ, муҷаррад, муқаттаъ, мукаррар ва ғайра). Қисми асосии Санъатҳои бадеӣ барои назму наср муштараканд, вале баъзеи онҳо (акс, тазмин, рад-ӯл-аҷз илла-с-садр, тааҷҷуб ва ғайра) танҳо дар назм ба кор мераванд. Санъатҳои бадеиро маъмулан ба ду қисм ҷудо мекунанд: санъатҳои лафзӣ ва санъҳои маънавӣ. Ин тақсимот нисбӣ мебошад; баъзе Санъатҳои бадеӣ барои ин ду навъ муштараканд. X. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …