Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / САНЪАТҲОИ ЛАФЗӢ

САНЪАТҲОИ ЛАФЗӢ

САНЪАТҲОИ ЛАФЗӢ, санъатҳои бадеие, ки бештар барои зебоии сухан истифода мешаванд. Тарсеъ, навъҳои таҷнисоти лафзӣ, қалб, навъҳои саҷъ, акс, илтизом, мураддаф, такрор,. талаввун, мураббаъ, мудаввар, мушокила аз ҷумлаи Санъатҳои лафзӣ ҳастанд. Қисми зиёди Санъатҳои лафзӣ бо тақозои шаклу мазмуни шеър ба вуҷуд омадаанд. Масалан, санъати такрор дар шеър, пеш аз ҳама, маъниеро таъкид карда, ба шеър оҳанги хос медиҳад.

book-1

Дар Санъатҳои лафзӣ майли шаклпарастӣ бисёр аст, вале вазифаи маъноӣ ва шаклии калимаро аз ҳам ҷудо кардан мумкин нест. Санъатҳои лафзӣ танҳо барои шакл истифода намешаванд; калима дар шеър на танҳо воситаи ифода, балки масолеҳи асосии шакл ҳам мебошад. Ягонагии вазифаи маънавӣ ва шаклии калима дар адабиёт ба ваҳдати шаклу мазмуни асар шабоҳат дорад. Аз ин ҷиҳат мулоҳизаи Атоуллоҳи Ҳусайнӣ ҷолиб аст: «Бидон, ки асл дар санъатҳои лафзӣ он аст, ки лафзро тобеи маънӣ созанд. Балки асл дар ҷумлаи зебоиҳо он аст, ки калом бар ваҷҳе адо ёбад, ки дар фаҳми маънӣ ва латофати он, дар ҳукми таркиб ва салосати он халале падид наёяд, на он ки дар ҳусну зинатҳои сухан кӯшанду чашм аз ҳоли халалҳои маънӣ бипӯшанд ё он ки масалан маънии хос гӯянду тариқи ҳусни адо нагӯянд». Баъзе унсурҳои лафз танҳо барои такмили шакл меоянд. Аммо онҳо ҳам аслан вазифаи маънавӣ дошта, тадриҷан ин сифатро гум кардаанд. Санъатҳои лафзӣ, ки маҳз воситаи шаклпарастианд, имрӯз дар шеъру адаб хеле кам истифода мешаванд.
Адабиёт: Атоуллоҳи Ҳусайнӣ, Бадоеъ-ус-саноеъ, Душанбе. 1974; ЗеҳнӢ Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979. X. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …