Маълумоти охирин
Главная / Илм / САНАИ КӮҲНА – тақвими юлианӣ

САНАИ КӮҲНА – тақвими юлианӣ

САНАИ КӮҲНА, тақвими юлианӣ, тақвимест, ки онро Юлий Се-зар соли 46 то милод ҷорӣ карда буд. Мувофиқи Санаи кӯҳна муддати сол ба ҳисоби миёна 365 1/4 шаборӯз (муддати ҳақиқии соли тропикӣ 365 шаборӯзу 5 с 48 дақиқа 46 сония аст) мебошад; чунин қимати миёна дар натиҷаи чор сол илова намудани як рӯз (дар тақвими ҳозиразамон -—29 феврал) ба даст меояд (нигаред, Соли кабиса).

takvimi-yuliani
Фарқи байни санаи наву Санаи кӯҳна дар асри 18 ба 11 рӯз, дар асри 19 ба 12 рӯз ва дар асри 20 ба 13 рӯз баробар буд (ҳангоми аз як сана ба санаи дигар, гузаштан рӯзи ҳафта тағйир намеёбад). Нигаред, низ Тақвим.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …