Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНАДИ КОШОНӢ Мирзо Сайидаҳмад

САНАДИ КОШОНӢ Мирзо Сайидаҳмад

САНАДИ КОШОНӢ Мирзо Сайидаҳмад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли ин шоир маълум нест. Мувофиқи маълумоти «Тазкираи Насрободӣ» Санади Кошонӣ дар яке аз деҳаҳои Кошон сокин буда, шеъри бисёре гуфтааст. Аз Санади Кошонӣ маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Қиссаи гувоҳии ду кабк», «Панди дарвеш ба Маҷнун», «Нигористони Чин», «Чоҳи висол» боқӣ мондаанд. Асарҳои мазкур дар як ҷунге ҷамъоварӣ шудаанд, ки зери рақами 2444 дар китобхонаи Донишгоҳи Теҳрон маҳфуз аст. Нусхаҳои «Нигористони Чин», «Чоҳи висол» дар китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР низ мавҷуданд.
Адабиёт: Асадуллоев С., «Лайли и Маджнун» в фарсиязычной литературе (Библиографический обзор), Душанбе, 1981.
С. Асаддулоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …