Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САН-МАРИНО

САН-МАРИНО

САН-МАРИНО, Р е с п у б л и к а и С а н-М а р и н о (НериЬНса (П 8ап МаНпо), давлат дар Европаи Ҷанубӣ, дар нимҷазираи Апеннин; онро территорияи Италия иҳота кардааст. Дар доманаи
Шимоли шарқии кӯҳҳои АпепниниТоскано-Эмилия, дар нишебии баландии Титано (баландиаш то 738 метр) воқеъ гардидааст. Масоҳат 61 километр2. Аҳолиаш 22 ҳазор нафар (1984; тақрибан 15 ҳазор нафар гражданҳои Сан-Марино дар Италия, Франсия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка зиндагӣ мекунанд). Пойтахташ — Сан-Марино. Шаҳрҳои калонаш: Серравалле, Борго-Маҷоре, Фаэтано, Кесануова, Монтоҷардино,. Форентино, Доманяно, Аккуавива. Аз ҷиҳати маъмурӣ территорияи Сан-Марино ба округҳо тақсим шудааст. Забони расмӣ — италиявӣ. Дини ҳукмрон — католикӣ.

san
Сохти давлатӣ. Органи олии қонунбарор — Шӯрои калони генералӣ (парламенти якпалатагӣ), ки онро аҳоли ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад. Системаи судӣ: судҳоӣ маъмурӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ. Сан-Марино қадимтарин давлати Европа буда, тахминан соли 301 пайдо шудааст ва мувофиқи ривоят асосгузори он Марино ном сангтароше будааст, ки аз таъқиби мутаассибони диндор аз Далмасия фирор карда ба ин ҷо омадааст. Дар замони ба Рим ҳамла овардани дигар қабилаҳои Европа ҷамоаи насрониёне, ки дар ғорҳои кӯҳи Титано ҳаёт ба сар мебурдаанд, атрофи ин кӯҳро бо девору қӯрғонҳо мустаҳкам карданд. Баъдҳо Сан-Марино ба ҳайати вилояти Равенна ва шоҳии Лангобард дохил шуд. Номи «Республикаи Сан-Марино» бори нахуст дар маъхазҳои асри 10 дучор меояд. Дар тӯли асрҳои 11—13 территорияи республика аз ҳисоби хариди дигар заминҳо ва ҳамроҳ шудани мулкҳои ҳамсоя васеъ гардид. Дар асри 15. ба Сан- Марино кӯшки Форентино ва як қатор деҳаҳо ҳамроҳ гардид. Соли 1739 Сан- Маринаро қӯшунҳои папаи Рим ишғол карданд ва соли 1740 папаи Рим Клименти XII истнқлолияти республикаро эътироф намуд. Дар асри 19 ватандӯстони италиявӣ Сан-Маринаро борҳо барои паноҳгоҳ истифода бурдаанд. Баъди ташкил шудани давлати ягонаи Италия (1861) Сан-Марино дар соли 1862 бо Италия шартномаи дӯстӣ ва ҳаққи ҳамсоягӣ баст, ки он минбаъд дар солҳои 1872, 1897 ва 1953 кам карда шуд. Соли 1909 ҳуқуқи умумии интихоботӣ барои мардон (барои занҳо —1960) ҷорӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Сан-Маринл аз тарафи Антанта дар ҷанг иштирок кард.

Дар баробари ба сари ҳокимияти Италия омадани фашистон (1922) дар Сан-Марино унсурҳои фашистӣ тақвият ёфта, соли 1923 ҳокимиятро ба даст дароварданд. Феврали 1921 дар Сан-Марино сексияи Партияи Коммунистии Италия ташкил шуд, ки он дере нагузашта торумор гардид. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45) Сан-Марино худро бетараф эълон карда бошад ҳам, июни 1944 территорияи онро авиасияи Англияю Америка бомбаборон кард ва сентябри 1944 онро қӯшунҳои фашистони немис ишғол намуданд. Баъди ҷанг Сан-Марино ба маркази калони туризми байналхалқӣ табдил ёфт. Дар интихоботи парламенти 1945 блоки партияҳои зиддифашистӣ ғалаба кард. То соли 1957 дар парламент коалисияи партияҳои чап аксарият буд, ки ба он коммунистон ва сотсиалистон роҳбарӣ мекарданд. Дар ин солҳо баъзе корхонаҳо миллӣ, аз 1/4 ҳиссаи заминҳо аз худ карда шуданд, корхонаҳои саноатӣ, мактабҳои нав ба кор даромаданд. Октябри 1957 бо ёрии доирахои хукмрони Италия, ки онҳо республикаи Сан-Маринаро муҳосира карда буданд, қувваҳои рости он табаддулоти давлатӣ карданд. Партияи коммунистӣ ва Партияи сотсиалистӣ аз сари ҳокимият дур карда шуд. Аз соли 1957 инҷониб дар сари ҳокимият ҳукумати коалитсионӣ мебошад. Моҳи маи 1978 дар интихоботи ғайринавбатии парламент қувваҳои чап ғалаба карданд, июни 1978 «ҳукумати ҳамкории демократӣ» ташкил шуд, ки ба он намояндагони се партияи нави асосии мамлакат — коммунистӣ, сотсиалистӣ ва партияи ягонаи сотсилистӣ дохил гардиданд. Соли 1956 байни Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва республикаи Сан-Марино му-носибатҳои консулӣ ба роҳ монда шуданд. Сентябри 1979 байни Сан-Марино ва Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР доир ба ҳамкории маданию маърифатӣ аввалин шартномаи ҳукуматӣ баста шуд. Сан-Марино алҳол дар сиёсати хориҷӣ нуктаҳои Акти хотимавии маҷлиси машваратии умумиевропоиро дар назар дошта барои сулҳ ва ҳамкорӣ мубориза мебарад.
Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Партияи христианӣ-демократӣ (таъсисаш 1945). Партияи сотсиалистӣ (таъсисаш 1896). Партияи ягонаи сотсиалистӣ. Соли 1976 дар асоси қаноти чапи собиқ партияи мустақили сотсиал-демократӣ таъсис ёфтааст. П а р т и я и с о т с и а л-д е м о к-р а т ӣ. Партияи рости реформистӣ. (таъсисаш 1976). Мусолаҳати демократӣ — Партияи респ у б л и к а в ӣ, таъсисаш 1983. Партияи коммунистии Сан-Марино (ҳамчун сексия 1921 ва ҳамчун партия 1941 таъсис ёфтааст). Конфедерасияи умумии меҳнаткашон. Конфедерасияи демократии меҳнаткашон.
Хоҷагӣ. Сан-Марино корхонаҳои саноати бофандагӣ, семент, қоғаз, чарм, коркарди металл, химия, мебел, сафолот ва ғайра дорад. Санги бинокорӣ ва сулфур истихроҷ мекунанд. Xоҷагии қишлоқ асосан аа хоҷагиҳои хурд иборат аст. Шарики асосӣ ва ягонаи савдояш Италия аст. Туризм ба республика даромади калон медиҳад. В о ҳ и д и п у л — лираи италиявӣ. Ташкили таълим мувофиқи устави соли 1946 муайян карда шудааст. Ҳамаи мактабҳо давлатианд. Таълими кӯдакон аз синни 6 то 14-сола ҳатмист. Мактаби ибтидоӣ 5-сола мебошад. Мактаби миёна аз мактаби 3-солаи миёнаи нопурра ва 5-солаи миёнаи пурра иборат. аст. Биноҳои пойтахт асосан 1—3^ ошёна буда, дар нишебии кӯҳ зина-зина сохта шудааст. Намуди аввалаи калисоҳо ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ, ки дар асрҳои миёна ва дар давраи Эҳё сохта шудаанд, дар натиҷаи таъмиру тармими зиёде ба худ намуди дигар гирифтааст. Ёдгориҳои санъати тасвирии Сан-Марино ба санъати мактаби Римии (асри 14) ва Болоня (асри 17) мансубанд. Аз касбу ҳунарҳои анъанавии халқӣ кандакории рӯи санг ва кулолӣ ривоҷ ёфтааст.
Сан-Марино Китобхонаи давлатӣ, Архиви давлатӣ, Музеи давлатӣ, Нигористони давлатӣ, Музеи яроқу аслиҳаи қадима дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …