Маълумоти охирин

САНҶИШ

САНҶИШ, дар т а ъ л и м, як шакли тафтиши иҷрои корҳои лабораторӣ, ҳисобию графикӣ, лоиҳаҳои (корҳои) курсӣ, инчунин дониш ва малакаҳои дар машғулиятҳои таҷрибавӣ ва семинарӣ ҳангоми таҷрибаҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ ҳосилкардаи студентони мактабҳои олӣ ва хонандагони мактабҳои миёнаи махсус.

sanjish-test

Супоридани ҳамаи Санҷишҳои плани таълимӣ (одатан набояд аз 6-то зиёд бошад) шарти зарурии ба сессияи имтиҳонот роҳ додани студент мебошад. Санҷиш бо баҳоҳои алоҳида барои лоиҳаи (корҳои) қурсӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, инчунин фанҳое, ки номгӯи онҳоро совети мактаби олӣ (факултет), совети педагогии мактаби миёнаи махсус муқаррар мекунад, гузаронида мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …