Маълумоти охирин
Главная / Биология / САНҶИДИҲО

САНҶИДИҲО

САНҶИДИҲО, ҷ и г д а г и ҳ о як оилаи буттву дарахгони ҳазонрез ё ҳамешасабз. Шоху барги Санҷидиҳоро пулакчаҳо ё мӯякҳои ситорашакли нуқрагун пушидаанд. Барги онҳо дар 1 охчаву навда паи ҳам ё рӯ ба рӯи якдигар ҷой гирифтааст. Гули Санҷидиҳо асосан дуҷинса, бе гулбарг, косабарги гулҳои дуҷинсаву модина як қадар найчашакл, косабарги гулҳои нарина паҳн ва одатая 4-парра, баъзан 2-парра ё 6-парра аст. Меваи Санҷидиҳо «чормағзак»-и хушк ва кушоданашаванда аст, қисми сершираву сермағзи он аз найчаи косабарг ба вуҷуд меояд.

sanjid

Санҷидиҳо 3 ҷинс ва қариб 65 намудро, ки асосан дар ноҳияҳои иқлимашоп мӯътадил ва субтропикии Нимкураи шимолӣ мерӯянд, муттаҳид мекунанд. Фақат баъзе намудҳои санҷид— (қариб 60 намуд ) дар ноҳияҳои тропикии Осиё месабзанд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 2 ҷинсу 6 намуди Санҷидиҳо маълуманд. Дар Тоҷикистон 4 намуди Санҷидиҳо дар водии дарёҳо ва туғайзор месабзапд. Баъзеи онҳоро чун дарахти мева, доруӣ ё ороишӣ мепарваранд. Гули онҳо хушбӯю сершахд, меваашон сервитамин ва доруист (масалан, ангат).
Адабиёт: Флора Союза Советских Социалистических РеспубликСССР, том 15, Москва—Ленинград. 1949; Вотаничесиий атлас, Москва—Ленинград. 1963; 3 апригаева В. И, Дикорастущие пло- довые Таджикистана, Москва,—Ленинград, 1964.
С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …