Маълумоти охирин

САНҶИД

САНҶИД, ҷигда (Б1аекоиа), ҷинси буттаву дарахтест аз оилаи санҷидиҳо. Аз 5 то 12 метр қад мекашад. Баргашро пулакчаҳои нуқратоб пӯшидааст, гулаш дуҷинса, зангӯлачашакл ё қифмонанди 4-барга, хушбӯй ва сершаҳд. Мева (чӯбдона)-аш иборат аз пӯст, «ор- дак»-и сафеди ширин ва донақ; сентябр- октябр мепазад. Дар Европа, Осиё ва Америкаи Шимолӣ.
40 намуди Санҷид мерӯяд. Дар Тоҷикистон 3 намуди Санҷид—(водии дарёҳои Помиру Олойи Шимолӣ ва Ҷанубӣ), (бешаи паҳнбарги Помиру Олойи Марказӣ, дар дигар ноҳияҳои республика мепарваранд) ва (водии Зарафшон) вомехӯрад.

sanjid
Санҷид меваи писандндаи мардуми Шарқ аст. Онро барои тархӯрӣ ва хушконда истифода мебаранд. «Ордак»- ашро ба орд ва таом илова мекунанд. Меъдаву рӯдаро қувват медиҳад. Соли то 64% қанд, беш аз 10% сафеда, 1,3% ҷавҳар, то 200 мг% витамини С дорад. Самғи Санҷидро дар бофандагӣ, пӯстлох ва баргашро барои даббоғӣ, инчунин ҳосил кардани рангҳои сиёҳу ҷигарӣ истифода мебаранд. Решаи тӯрмонанди Санҷид соҳили дарёҳо ва регзорро мустаҳкам ме- кунад; реги равонро бозмедорад. Санҷид дар сабзкории шаҳру деҳот низ ба кор меравад.
Адабиёт: Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Ленинград, 1976; В е х о в В. Н., Г у б а н о в И. А., Л е б е д е в а Г. Ф., Культурные растения Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1978. А. Ашӯров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …