Маълумоти охирин

САМУР

САМУР (Maries zibellina), ҷонварест аз ҷинси савсор. Рангаш аз цақвагни равшан то бури тира; қафаси синааш доғҳои зардтоб дорад. Дарозии танаш 43—53 см, думаш то 20 см, вазнаш 0,9—1,9 кг. Самури модина нисбат ба Самури нарина хурд аст. Бештар дар бешазори дарахтҳои сӯзанбарги СССР (аз дарёҳои Двинаи Шимолӣ ва Мезен cap карда, то соҳилҳои уқёнуси Ором, аз ҷумла ҷазираҳои Карагин, Шантари Калон, Курил, Сахалин ва ғайра), ҷазираи Хоккайдои Япония, район-ҳои шимолии Корея, Хитой ва Муғулистон паҳн шудааст.

samur

Самур асосан дар рӯи замин (ҷойҳои холии байни решаи дарахтҳо, нишебиҳои санглохи кӯҳҳо, ковокиҳои дарахтони афтода ва ғайра) зиндагӣ мекунад. Хояндаҳои хурд ва тухму меваҳои дарахтро мехӯрад. Дар июл ба гушн омада, баъди 273 рӯз 3—4, баъзан 5 бача (вазнашон қариб 30 г) мезояд. Соле ду маротиба (баҳор ва тирамоҳ) тулак мекунад. Мӯинаи Самур қиматбаҳо аст. Самурро аз охири асри 17 ин ҷониб шикор мекунанд, ки ин боиси хеле кам шудани саршумори он гардид. Дар СССР дар зарфи 40 сол (1930—1970) саршумори Самур то 600—800 ҳазор зиёд шудааст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …