Главная / Техника / САМОВОР

САМОВОР

САМОВОР, самовар (аз русии сам худ ва вар — ҷӯш), зарфест барои ҷӯшонидани об. Иборат аз тана (обдон), сарпӯш, кампирак, нӯл, ду даста ва поя. Асосан аз мис ва руҳ месозанд. Ду хели Самовор маъмул аст: аловӣ ва электрӣ, ки шаклан фарқ надоранд. Самовор ҳастанд, ки 0,5 л ва аз 40 то 80 л об мебарад.
Самовори аловӣ ва электрӣ.

847420449_w640_h640_samovar-na-drovah
Пеш дар Осиёи Миёна аз чойҷӯшҳои калони аловӣ истифода мебурданд. Сонӣ дар байни мисгарони мазаллӣ мисли Cамовори русӣ аз мис Самовор сохтан расм шуд. Самовор ба Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри 19 оварда шуд. Аввалин устохонаҳои самоворсозӣ охири асри 18 дар шаҳри Тула сохта шуда буданд. Сонитар дар Петербург, Урал ва дигар ҷойҳо устохонаҳо пайдо шуданд. Ҳозир дар аксарияти шаҳрҳои мамлакатамон корхонаҳои самоворсозӣ ҳаст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

samosval

САМОСВАЛ

САМОСВАЛ, мошини худрез, автомобил, присеп ё нимприсепи боркашест, ки худ борашро холӣ мекунад. Самосвал барои …