Маълумоти охирин
Главная / Техника / САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата истифода мешавад. Хусусиятҳои ҳам самолёт ва ҳам аппарати париши кайҳониро дорост. Самолёти ҳавоию кайҳонӣ бояд аз аэродром парвоз карда тавонад ва то суръ¬ати канҳонӣ суръат гирифта, баъди парвоз ба кайҳон боз ба аэродром биргардад. Самолёти ҳавоию кайҳонӣ барои бо лавозимоти техникӣ, қисмҳои эдтиётӣ ва озуқа таъмин намудани стансияҳои мадорӣ ва иваз кардани экипажи он пешбинӣ шуда аст.

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

Самолёти ҳавоию кайҳонӣ назар ба ракетаҳои барандаи ҳозира пурсамаранд. Ба сифати таҷҳизоти қуввагии Самолёти ҳавоию кайҳонӣ муҳаррики ҳавоию реактивӣ (барои парвоз дар атмосфера) ва муҳаррики ракетии моеъи (барои парвоз дар фазои кайҳонӣ) муштарак истифода мешаванд. Нахустин Самолёти ҳавоию кайҳониро 12. 04. 1981 америкоиён ба кайҳон cap доданд, ки он «Колумбия» ном до¬рад. Киштии «Колумбия»-ро кайҳоннавардон Ҷ. Янг ва Р. Криппен идора намуда баъди 2-рӯзи парвози кайҳонӣ 14. 04. 81 ба яке аз космодромҳои ИМА шинонданд.

Инчунин кобед

samosval

САМОСВАЛ

САМОСВАЛ, мошини худрез, автомобил, присеп ё нимприсепи боркашест, ки худ борашро холӣ мекунад. Самосвал барои …