Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САМОИЛОВ Евгений Валерианович

САМОИЛОВ Евгений Валерианович

САМОИЛОВ Евгений Валерианович (16. 4. 1912, Петербург), актёри советӣ. Артисти Халқии СССР (1974). Аъзои КПСС аз соли 1951. Политехникуми бадеии Ленинградро хатм намуда (1930) ба зайати «Театри маҳорати актёр»» дохил шуд. Солҳои 1934 —1938 актёри Театри ба номи Вс. Мейерхолд, солҳои 1940—1907 Театри ба номи В. Маяковский Москва ва аз соли 1968 инҷониб актёри Театри Хурд. Беҳтарии нақшҳои иҷрокардааш: Олег Кошевой («Гвардияи ҷа¬вон» аз рӯи асари А. Фадеев), Гамлет («Гамлет»-» У. Шекспир), Пла¬тонов («Уқёнус»-и А. Штейн), Ясон («Медея»-» Еврипид), Шуйский («Подшоҳ Фёдор Иванович»-» А. К. Толстой) ва ғайра. Аз соли 1934 дар кино иштирок мекунад. Образҳои дар соҳаи кино офаридааш: Николай Шорс («Шорс», 1939), Лебедев («Роҳи мунаввар», 1940), Колчин («Дили чор нафар», 1945), Кудряшов («Соати шаши бегоҳии баъди ҷанг», 1944), Фрунзе («Заволи аморат»), генерал Скобелев («Қаҳрамонони Шипка», ҳар ду соли 1955) ва ғайра. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1941, 1946, 1947). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва модалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …