Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САМОАИ ШАРҚӢ

САМОАИ ШАРҚӢ

САМОАИ ШАРҚӢ (Eastern Samoa), мамлакат дар қисми шарқии галаҷазираи С а м о а дар уқёнуси Ором. Ба ҳайати Самоаи Шарқӣ ҷазираҳои Тутуила (ҷазираи калонтарин, масоҳатаҳ 137 км2), Мануа, Аунуу, ҷазираҳои марҷонии Розе ва Суэйнс (аз гурӯҳи ҷазираҳои Токелау) дохил мешаванд. Мулки ИМА. Масоҳаташ 197 км2. Аҳолиаш 30 ҳазор нафар (1979). Маркази маъмуриаш шаҳри Паго-Паго (дар ҷазираи Тутуила). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 3 округ ҷудо мешавад.

american-samoa-67
Қариб тамоми ҷазираи Тутуила кӯҳсор (нуқтаи бал. 652 м). дар Ҷануб пастхамии начандин фарохи наздисоҳилӣ воқеъ гардидааст; дар соҳили шарқӣ яке аз беҳтарин халиҷҳои уқёнуси Ором Паго- Паго ҷойгир шудааст. Иқлимаш тропикии пассатӣ. Ҳарорати миёнаи моҳона 25—27°С. Боришоти солона аз 80 то 450 мм. Зиёда аз 50%-и территорияи мамлакатро беша (асосан сарахсҳои дарахтшакл) пӯшидааст. Олами ҳайвоноташ камбағал, чанд намуди ширхӯрон (калламуш, кӯршабпаррак) вомехӯрад. Аз баҳр ба миқдори зиёд моҳиҳои гуногун сайд мешавад.
Аксарияти аҳолии Самоаи Шарқӣ самоагиҳо (ба ин ҳисоб дурагаҳо низ дихил мешаванд). Ба ғайр аз он гурӯҳҳои начандон калони америкоиҳо, мардуми аз дигар ҷазираҳои Уқёнусия ба ин ҷо омада низ зиндагӣ мекунанд. Аксарияти эътиқомадмандон — насронӣ, асосан протестант. Забони расмӣ — англисӣ.
Соҳаҳои асосии иқтисодиёти мамлакат — истеҳсоли консерви моҳӣ ва мағзи ҷавзи ҳиндӣ. Қисми зиёди заминҳои хоҷагии қишлоқ ба самоагиҳо тааллуқ дорад. 40% замини мамлакат кишт мешавад. Зироати асосии экспортшаванда — мағзи ҷавзи ҳиндӣ ва чормағз. Барои истеъмоли дохили банан, таро, ямс, найшакар ва ғайра, аз чорво ва парранда (асосан хуку мурғ) парвариш мекунанд. Корхонаҳои истеҳсоли консерви моҳӣ ва банкаҳои консерв дорад, ки онҳо ба ширкатҳои ИМА мансубанд. 99%-и арзиши экспорт аз консероҳои моҳӣ, харчанги баҳрӣ ва дигао маҳсулот моҳигӣ иборат аст. Аз ИМА асосан озуқаворӣ, аз Самоаи Ғарбӣ таро ва банан мегирад. Дар мамлакат туризм инкишоф ёфтааст. Воҳиди пул — доллари ИМА.
Дар ниман дуюми асри 19 байни Германия, Британияи Кабир, ИМА барои ба даст даровардани ҷазираҳои Самоа мубориза авҷ гирифт, ки он бо тақсимоти галаҷазираи Самоаи Шарқӣ анҷом ёфт; дар натиҷа як қисми территорияи шарқии ҷазираҳо ба ИМА гузашт ва ин территорияи соли 1899 мулки ИМА эълон карда шуд. Аз соли 1900 то 1951 Самоаи Шарқиро Вазорати флоти ҳарбии баҳрии ИМА идора мекард. Соли 1951 он ба ихтиёри Вазорати корҳои дохилии ИМА дода шуд. Аҳолии Самоаи Шарқӣ барои васеъ кардани ҳуқуқҳои сиёсии худ мунтазам мубориза мебурд. Соли 1948 маъмурияти Америка маҷбур шуд, ки дар назди губернатор органи дупалатагии қонунбарори машваратӣ ташкил намояд. Баъди қабул карда шудани конститутсия соли 1960 ҳуқуқи аҳолӣ камо васеътар шуд. Соли 1968 аввалин партияҳои сиёсӣ таъсис ёфтанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …