Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САМОАГИҲО

САМОАГИҲО

САМОАГИҲО, аҳолии таҳҷоии ҷазираҳои Самоа дар уқёнуси Ором. Шумораашон дар ҷазираҳои мазкур 180 ҳазор нафар (1975); бештар аз 15 ҳазор нафар дар Зеландияи Нав ва ҷазираҳои Гавай иқомат дорагабрӣ д. Аз рӯи этногенез Самоагиҳоро ба полинезиҳои ғарбӣ мансуб медонанд.

samoa-islands

Бо забони самоагӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои полинезӣ дохил мешавад, инчунин бо забони англисӣ гап мезананд: Қариб 80 фоизи диндорон протестант, дигарон асосан католиканд. Бо зироати тропикию моҳигирӣ машғуланд. Дар байни Самоагиҳо баробари инкишофи муносибатҳои капиталистӣ ҷамояи деҳот, оилаи калон ва анъанаҳои интихоби меросии доҳиён боқӣ мондааст.
Ад.: Пучков П. И., Население Океании. М., 1067.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …