Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САМИМӢ Мирзо Абдулкарими Ғиҷдувонӣ

САМИМӢ Мирзо Абдулкарими Ғиҷдувонӣ

САМИМӢ Мирзо Абдулкарими Ғиҷдувонӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 19). Аз зодгоҳаш барои таҳсили илм ба Бухоро рафтааст. Дар айёми таҳсил ба шеъргӯӣ ва машқи хат шурӯъ кардааст.
Дар ни хусус тазкиранигор Мӯҳтарам мегӯяд: «… ӯро хатест ба таълим хуб ва шеърест ба мурооти услуб». Намунаҳои осор (ғазалҳо)-и Самимӣ дар радоиф-ул-ашъор ва баёзҳои асри
19 дарҷ гардидаапд. Мавзӯи асосии ғазалҳои Самимӣ ишқ аст; аз ҷиҳати забон ва тарзи баён ашъори ӯ ҷадид ва «рашки каломи шуарои қадим аст» (Мӯҳтарам). Абёти мазкур аз як ғазали Самимӣ мебошанд:
Ҳадиси шаҳди гуфтори ту дар бозор, афканда,
Шакархандат даҳони пистаро аз рашк во карда.
Ба рухсори ту холу зулфи сайёди қазо алхак.
Басили мурғи дилҳо донаи доми баланд карда.
Назар аз лутф бар ҳоли дуогӯи Самими кун,
Ки гардад аз самими қалб дар ҳаққат дуо карда.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …