Маълумоти охирин

САМГ

samg

САМГ, 1) зифт, терпентин, як навъ шираи часпакест, ки аз захми дарахтҳои сӯзанбарг мебарояд. Дар роҳҳоизаифтбарои чӯби сӯзан-барг, абҳул, таннуб, дарахти ҷалғӯза ва ғайра мавҷуд аст. Самги дар рӯи танаи дарахт шахшуда мағзи чӯбро аз ворид шудани ҷонварони пӯстлоххӯр, занбӯруғҳо ва дигар организмҳо эмин медорад. Самг барои истеҳсол канифол ва скипидар ашёи хоми асосӣ мебошад. Барои ҳосил намудапи Самг чанд ҷои танаи дарахтро қадре чок мекунанд. Ҳосили Самг ба навъ ё намуди дарахт ва шароити иқлим во-баста аст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР Самгро асосан аз санавбар (Ршиз зӣуезЬпз) мегиранд; ҳар як дарахт соле аз 0,9 то 2,0 килограмм Самг медиҳад. Самги санавбар моеъи шаффофи ғализ буда, бӯйи хуш дорад. Вай аз қисми бухоршаванда (скипидар), кислотаи зифтии бухорнашаванда (канифол) ва каме об иборат аст. Аз сабаби он ки скипидар дар ҳаво бухор ва кислотаи зифти кристалл мешавад, Самг ғафс (қуюқ)-и хира мегардад. Самге, ки ба заводҳо оварда мешаванд, 75% канифол, 18% скипидар ва 6% об дорад. Дар завод бо роҳи буғронӣ аз он скипидарро ҷуро карда, кислотаҳои зифтии сахтро мегудозанд; 2) шилм, шилим, з и н ҷ, шираи часпакест, ки ҳангоми касалӣ ва осеб дидани пӯсти растанӣ (махсусан буттаву дарахтони меваадор) ба рӯй баромада сахт шуда мемонад. Шилм асосан аз полимерҳои моносахаридхо (глюкозаҳо, галактозаҳо, арабинозаҳо рамшозаҳо, кислотаҳои глюкуронат) иборат аст. Шилм барои саноати хӯрокворӣ ва коғаз ашёи зарурист. Самғи баъзе буттаву дарахтонро барои тайёр кардани дору истифода мебаранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …