Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САМАРСКИЙ Александр Андреевич

САМАРСКИЙ Александр Андреевич

САМАРСКИЙ Александр Андреевич (тав. 19. 2. 1919, шаҳри Амвооспевка, ҳозира вилояти Донецк), математики советӣ, акад. АФ СССР (1976; аъзо- корр. 1966). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1979).
Аъзои КПСС аз соли 1946. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945).
Университети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кардааст (1945), аз соли 1959 профессори ҳамин университет. Асосан дар физикаи математикӣ ва математикаи ҳисоббарорӣ тадқиқот бурдааст. Назарияи умумии схемаҳои тафриқавии муодилаҳои операторӣ ва операторию тафриқавӣ, назарияи устувории схемаҳои тафриқавиро ба вуҷуд овардааст. Натиҷаи тадқиқоти Самарский дар тартиб додани алгоритмҳои бештари масъалаҳо, алалхусус бо ёрии компютерҳо ҳал кардани масъалаҳои илмию техникӣ бештар истифода мешаванд. Лауреат Мукофоти ленинӣ (1962) ва Мукофоти давлатии СССР (1954) мебошад. Бо 3 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Ас.: Уравнения математической физики. М., 1972 (ҳаммуалл. бо А. Н. Ти-хонов): Введение в теорию разностных схем, М., 1971; Сборник задач по мате-матической физике (хаммуалл. бо А. Н. Тихонов), М.. .1972; Устойчивость разностных схем. М., 1973 (хамму
алл. бо А. В. Гулин); Разностные схемы газовой динамики (хаммуалл. бо Ю. П. Попов), М.. 1976.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …