САМАНГОН

САМАНГОН, шаҳр ва вилояти тоҷикнишини таърихӣ буд дар Афғонистон, дар болооби дарёи Аму, номи Самангон бори аввал дар манбаъҳои хатии асри 7 зикр шудааст. То истилои араб дар Самангон бисёр маъбадҳои буддоии бунёд гардиданд. Самангонро асри 8 арабҳо истило намуда, дар он дини исломро ҷорӣ карданд. Асарҳои 9—10 ба ҳайати давлати Сомониён дохил буд. Дар асри 11 асри тасарруфи давлати Ғазнавиён бояд ва онро сарлашкари Масъуди Ғазнавӣ Розӣ идора мекард. Самангон дар замони истилои муғул хароб гардида, дар аҳди Темур аз нав тараққӣ кард. Минбаъд шаҳр рӯ ба таназзул ниҳода, барҳам хӯрд ва ҳолл дар ҷои он қалъаи Хайбак боқӣ мондааст. Самангонро дар адабиёти бадеӣ бисёр зикр кардаанд. Масалан, Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ҳангоми тасвири ишқварзии Рустаму духтари шоҳи Самангон Таҳмина манзараю ободонии шаҳрро муфассал ба қалам додааст.
Ад.: Бартолд В. В., Историко-географический обзор Ирана, Сон., т. 7, М., 1974. А. Валиев.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

books

САФАРНОМА

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба …