Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САМАНДАРХОҶАИ ТИРМИЗӢ

САМАНДАРХОҶАИ ТИРМИЗӢ

САМАНДАРХОҶАИ ТИРМИЗӢ Хоҷа Самандар, Муҳаммадбақо (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), муаррих ва адиби асри 17 тоҷик. Аз ҳаёт ва фаъолияти Самандархоҷаи Тирмизӣ маълумот хеле кам аст. Аз рӯи гуфтаҳои худаш дар «Дастур-ул-мулук» ва мувофиқи ахбори тазкираи Малеҳои Самарқандӣ Самандар тахаллуси ӯ буда, номи аслиаш Муҳаммадбақо, зодгоҳаш Хонақоҳ (ҳозира pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон) аст. Ҷавонии Самандархоҷаи Тирмизӣ дар сафарҳо гузаштааст. Самандархоҷаи Тирмизӣ солҳои 1685, 1693, 1695 дар ғазовоти Абдулазизхону Субҳонқулихон ба муқобили хоразмтҳою саркардагони Балх иштирок кардааст. Баъд аз ин чанд сол дар Қаршӣ (Насаф) зиндагӣ кардааст. Самандархоҷаи Тирмизӣ дар ин ҷо ду маротиба ба вазифаи раисатпаноҳи Қаршӣ таъин шуда буд. Вале аэ тӯҳмати зиёде маҷбур шуд то охири умр гӯшанишин гардад.
Фаъолияти адабии Самандархоҷаи Тирмизӣ дар Қаршӣ оғоз ёфтааст. Тамоми осори адабию таърихии худро дар асари машҳураш «Дастур-ул-мулук» ҷой додааст, ки он ба адибону муаррихони баъдина таъсири зиёд расонидааст. Малеҳои Самарқандӣ дар навиштани тазкирии худ «Музокир-ул-асҳоб» ва муаллифи «Гулшан-ул-мулк» — муаррихи аввали асри 19 Муҳаммидяъқуб
ба «Дастур-ул-мулук» такя кардаанд.
То имрӯз се нусхаи дастхати «Дастур-ул-мулук» маълум аст, ки яке дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ СССР, дутои дигар дар китобхонаи Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешавад. Ин асар соли 1971 дар Москва ба забони русӣ нашр шудааст.
Ад.: М и р з о е в А., Новый источник по литературе Ирана Сефепидсиого периода, дар кит.: «Труды двадцать питого между на под кого конгресса востоковедов», т. 2, М., 1963:Ходжа Симандар
Т е р м е з и. Дастур-ул-мулук, М., И171.
У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …