Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САМАД ҒAHӢ

САМАД ҒAHӢ

samad_gani

САМАД FAHӢ (Ғaниев; 2. 12. 1908, Самарқанд—7. 11, 1974, Ду­шанбе), нависандаи советии тоҷик.

Аз оилаи нақкош. Аъзои КПСС аз соли 1942. Дар Дорулмуаллимини Са­марқанд (1924— 1926) курси ходимони молияи Тошкент (1926-27), мактаби партиявии Самарқанд (1927—1929) ва курсҳои ходимони газетаҳои назди КМ КПСС (1945) таҳсил кардааст. Ходими адабӣ, мудири шӯъба, котиби масъул ва муҳаррири газетаи «Тоҷикистони Сурх» (1941—5192), муҳаррири журнали «Хорпуштак» (1952—1963) буд. Фаъолияти эҷодияш Самад Ғанӣ аз аввали солҳои 30 оғоз ёфтааст. Муаллифи песазои «Зафар» (1935, ҳамроҳи А. Исмоил), «Ватандӯстон» (1938, ҳамроҳи Ф. Ниёзӣ), «Туй» (1957), «Виҷдон» (1958, ҳамроҳи С, М. Мителмен). Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —1945) ва баъди ҷанг (махсусан, солҳои 50) Самад Ғанӣ ба эҷоди ҳикояҳои ҳаҷвӣ, фелетону латифаҳо машғул гардидааст, ки онҳо дар маҷм-ҳои «Табассум» (1959), «Гули хандон» (1964), «Мавҷи шӯх» (1966), «Арвод» (1969) ҷамъоварӣ шудаанд. Чанд асари драмавии тарҷумакардаи Самад Ғанӣ дар театри ба номи Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шудаанд: Н. Вирта «Суиқасди маҳкумон», С. Шервонзода «Номус», В. Пистоленко «Қонуни нонавишта», Ҷ. Мамадқулизода «Мурдаҳо», М. Иброҳимов «Бунафша», А. Чехов «Туй» ва ғайра. Ба забони русӣ маҷмҳ-ои ҳикоя ва фелетонҳояш ба номи «Улыбка» (I960), «Смех не грех» (1964) чоп шудааяд. Самад Ғанӣ депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 3—5), аъзои КМ ПК Тоҷикистон буд. Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, се ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1960 узви ИН СССР.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …