Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛТИКОВ Михаил Евграфович

САЛТИКОВ Михаил Евграфович

САЛТИКОВ Михаил Евграфович, Салтиков-Шедрин (фамиляаш Салтиков; тахаллусаш И.  Ш е д р и н; 27. 1. 1826, деҳаи Спас-Угол, ҳозира райони Калязиии вилояии Калинин —10. 5. 1889, Петербург), нависандаи рус. Аз оилаи дворянин.

Дар Институти дворя­нии Москва (1836 —1838) ва литсейи Александр (Сарс­кое Селой пешина) таълим гирифтааст (1844—1848). Дар давраи таҳсил як­чанд шеър навишта чоп кунонид. Солҳои 40 бо ҷавонони пешқадами Петебург — петрашевчиён наздик шуд. Дар ташаккули ҷаҳонбинии Салтиков ғояҳои демократҳои рус В. Г. Белинский, Н. Г. Чернишевский ва сотсиалистони хаёлии франсавӣ мавқеи калон доштанд. Дар повестҳои аввалини Салтиков «Зиддиятҳо» (1847) ва «Кори чигил» (1848) масъалаҳои тезу тунди иҷтимоӣ ба миён гузошта шуда буданд, аз ин рӯ боиси норозигии ҳукмронони давр гардиданд. Соли 1848 Салтиковро ба ҳабс гирифта ба Вятка бадарға карданд. Соли 1855 аз бадарға баргашта, «Очеркҳои губерния»-ро (1856— 1857) навишт, ки ба ин асар Н. А. Доб­ролюбов ва Н. Г. Чернишевский баҳои баланд дода буданд. Салтиков фаъолияти эҷодии худро бо корҳои давлатӣ баробар пеш мебурд: солҳои 1858—1862 ноиб-губернатори Рязан ва Твер буд. Соли 1867 ба сабаби «беморӣ» аз кори давлатӣ даст кашида, дар журнали «Современник» кор кард. Салтиков дар песаҳояш амалдорони подшоҳиро фошу масхара карда буд («Марги Пазухин», «Ҳаҷвияҳои мансур», 1863). Дар «Ҷанобони Головлёвҳо» (1875—1880; тарҷумаи тоҷикӣ 1859), «Сарпаноҳи Монрепо» (1878—1879), «Ҳикоятҳо» (1882—1886) ва дигар асарҳояш пас аз реформаи сотсиал-демократии Рос­сия ба рӯи кор омадани муносибатҳои нави буржуазиро акс намудааст. Солҳои 70—80 давраи авҷи эҷодиёти Салтиков мебошанд. Дар асарҳои «Таърихи як шаҳр» (1869—1870), «Ҷанобони тошкандӣ» (1869—1872) ва ғайра сохти давлатдории Россияро беамон танқиду масхара кардааст. Салтиков якчанд бор ба хориҷа сафар карда, рафтору кирдори буржуазияи иртиҷоии Европаро дар китоби «Дар хориҷа» маҳкум намудааст.

Ба бемории вазнин нигоҳ накарда, солҳои охири умраш асарҳои безаволи «Афсонаҳо» (1882—1886), «Ташвиши рӯзгор» (1886—1887), «Қиссаи Нашехон» (1887—1883) ва ғайраро офарид. Салтиков оид ба назарияи адабиёт, танқиди адабӣ як силсила таълифоти илмӣ дорад. В. И. Ленин дар публитсисти­ки худ ба образҳои офаридаи Салтиков муроҷиат мекард. Чанд асари Салтиков барои саҳнаи театр инстсенировка шуда, аз рӯи чанд асараш филм бардоштаанд. Дар шаҳри Киров дар хонае, ки адиб дар бадарға зиста буд, музе1и ёдгорӣ кушода шудааст.

Ос.: Собрание сочинении и писем, т. 1—20, М., 1965—1980; Ҷанобони Головлевчо, Сталинобод, 1959; Афсонаҳо, Д., 1964; Таърихи ин шаҳр, Д., 1974.

Ад.: Библиография литературы М. Е. Салтыкове-Щедрине. 1918—1965, М.—Л. 1966; Шодиқулов Ҳ., Устоди шӯҳратманди ҳаҷв, Д., 1976.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …