Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛТАНАТ Муҳаммадяҳё

САЛТАНАТ Муҳаммадяҳё

САЛТАНАТ Муҳаммадяҳё (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири нимаи дуюми асри 17 тоҷик. Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бино ба маълумоти Малеҳои Самарқандӣ Салтанат соҳиби истеъдоди баланди шоирӣ буда, дар ашъораш мазмуну образҳои нави бадеиро бисёр истифода бурдааст. Шоир ба камбағалон таваҷҷӯхи хосе дошта, ҳамеша шарики ғаму шодии онҳо буд. Аз ашъори Салтанат дар “Музокир-ул-асҳоб” 3 байти як ғазал намуна оварда шудааст.
С. Саъдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …