Маълумоти охирин
Главная / Биология / САЛПИНГИТ

САЛПИНГИТ

salpingit

САЛПИНГИТ (аз юнонӣ salpinx, salpingos— найча, лӯла), газаки лӯлаи (шайпури) бачадон. Ҳангоми аз бачадон ё узвҳои дигар ба воситаи хун паҳн шудани сироят пайдо мешавад (масалан, дар мавриди касалии сил). Иллат одатан аз пардаҳои луобӣ cap зада, ботадриҷ табақаҳои дигари лӯлаҳои бачадонро фаро мегирад. Беморӣ аксар вақт бардавом (музмин) мешавад. Худи лӯлаҳо кам иллатнок мешаванд. Маъмулан газаки лӯлаи бачадон ба тухмдон ҳам асар мекунад.
М у о л и ҷ а: оромӣ, бо ях хункк кардани шикам, истеъмоли антибиотикҳо, давоҳои сулфаняламидӣ, антигистаминӣ, хлориди калсий ва ғайра; ҳангоми Салпингити шадид бистарӣ кардани бемор, дар вақти Салпингити римнок — ҷарродӣ.
П ешгирӣ: андешидани чораҳои зиддисироятӣ ҳангоми сиқти ҷанин (аборткунӣ), риоя кардан ба қоидаҳои гигиена.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …