Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛОМОВ Ислом

САЛОМОВ Ислом

САЛОМОВ Ислом (таваллудаш 10. 6. 1940, деҳаи Ҳамодони pайони Мастчоҳ), режиссёр ва актёри советии тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1974). Аъзои КПСС аз соли 1978. Солҳои 1954— 1958 дар Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод таҳсил намуда, солҳои 1958— 1960 муаллимӣ кардааст. Солҳои 1960— 1964 дар Институти театрии ба номи А. И. Островский Тошкент таҳти роҳбарии дотсент X. М. Кожевников таҳсил мекунад. Солҳои 1964—1970— актёри Театри драмаи мусиқии Ленинобод. Ролҳои офаридааш: Кассио («Отелло»-и У. Шекспир), Зариф («Достони ҳофиз»-и Ф. Тошмуҳаммадов), ко-мандир Қурбонов («Қиссаи Зайнаб- бибӣ»-и С. Саидмуродов), Дамис («Тартюф»-и Ж. Молер), Искандер («Ҷанги тан ба тан»-и М. Банҷиев) ва дигарон. Ӯ соли 1970 ба курси режиссёрии назди Театри академии ба номи Б. Вахтангови Москва дохил шуда,
таҳти роҳбарии Арт. Халқии СССР Е. Симонов таҳсил мекунад. Аз ҳамон сол саррежиссёри Театри республикавии мазҳакаи мусиқии Ленинобод. Дар давоми 7 соли фаъолияти режиссёриаш 24 спектаклро таҳия кардааст. Саломов режиссёри навовар буда, ба як қатор бозёфтҳои эҷодӣ ноил шудааст. Спектаклҳои ба саҳна гузоштаи ӯ: «Фоҷиаҳои хурд» ва «Лулиёи»-и А. С. Пушкин, «Ашрофпараст»-и Ж. Молер, «Шаҳло»-и А. Шукӯҳӣ ва Ҳ. Аскар, «Ëди он рӯзҳо»-и А. Усмонов, «Бедорб»-и Раҳим Ҷалил, «Хушдоман»-и М. Шамколов ва ғайра. Саломнома инчунин бо театрҳои касбии Конибодому Нов, Театри халқии Уротеппа ҳамкорӣ мекунад.
X. Аскар.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …