Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛОМӢ Абулҳусайн Алӣ ибни Аҳмад

САЛОМӢ Абулҳусайн Алӣ ибни Аҳмад

САЛОМӢ Абулҳусайн Алӣ ибни Аҳмад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), муаррихи асри 10 форс-тоҷик, шогирди муаррихи машҳури Хуросон Иброҳим ибни Муҳаммади Байҳақӣ. Доир ба Саломӣ маълумоти тарҷимаиҳолӣ кам аст. Аз рӯи баъзе маъхазҳои таърихӣ ӯ ба забони арабӣ асари машҳури худ «Ат-Таърих фӣ ахбори вулоти Хуросон» («Таърихи волиёни Хуросон») -ро таълиф намудааст, кп воқеаҳои таърихии то асри 10 дар Хуросон рӯйдодаро дар бар мегирад. Таҳрири китоби мазкурро баъди Саломӣ муаррих Абулҳасан Муҳаммад ибни Сулаймон ибни Муҳаммад давом додааст. Асари Саломӣ то ба замони мо нарасидааст. ,
Ад.: История таджикского народа, т. 2. КН. -1, М., 1964.
А. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …