Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛОМ Абдуссалом

САЛОМ Абдуссалом

САЛОМ, Абдуссалом (таваллудаш 29.1. 1926, Ҷҳанг), физики покистонӣ. Соли 1951 Университети Кембриҷро хатм кардааст. Солҳои 1951—1954 профессори коллеҷ дар Лаҳор, солҳои 1954—1956 лектори Университети Кембриҷ, соли 1957 профессори Университети Лондон. Аз соли 1964 директори Маркази байналхалқии физикаи назариявӣ дар Триест (Италия). Мушовири президенти Тоҷикистон доир ба илм (аз соли 1951), раиси Комитети машваратии ТДМ оид ба илм ва техника (аз соли 1971). Асосан дар соҳаҳои электродинамикаи квантӣ ва назарияи зарраҳои элементарӣ тадқиқот мебарад. Аз комёбиҳои илмии Салом муҳимтаринаш ихтирои назарияи ягонаи таъсироти мутақобили суст ва электромагнитӣ мебошад. Аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон (аз соли 1959). Аъзои xориҷии АФ СССР (аз соли 1971). Лауреати Мукофоти нобелӣ (солт 1979 якҷоя бо физикҳои америкоӣ С. Вайнберг ва Ш. Глешоу). Саломро АФ СССР бо медали тиллоӣ ба номи М. В. Ломоносов (1983) мукофотонидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …