Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛОҲУДДИНИ САЛҶУҚӢ

САЛОҲУДДИНИ САЛҶУҚӢ

САЛОҲУДДИНИ САЛҶУҚӢ (1896, Ҳирот—1980, Кобул), адиби афғон, олим ва арбоби давлатӣ. Маълумоти ибтидоиро дар оилааш гирифтааст. Салоҳуддин муаллими мадрасаи «Ҳабибия» (1915—1918), му- дири маорифи шаҳри Ҳирот (1918—1920), муаллими адабиётя форсип лицеи «Истиқлол»-и Кобул (1921—1923), котиби идораи «Доруттаҳрир» (1924), мудири Шӯъбаи матбуоти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, консули Афғонистон дар Бамбай, консули генералӣ дар Деҳло, мушовири сафорати Афғонистон дар Покистон (1948), сафири Афғонистон дар Миср ва солҳои охир профессори университети Кобул буд.
Асарҳои манзуму мансур ва мақолаҳои илмии ӯ дар журналҳои «Адаб», «Ирфон», «Ориёно», «Кобул», газетаҳои «Анис», «Ислоҳ» ва ғайра чоп шудаанд. Салоҳуддин муаллифи асарҳои бадеӣ ва педагогӣ «Рисола дар фанни маонӣ, баён, бадеъ, ахлоқӣ, «Афкори шоир» (1947), «Ахлоқи Арасту», «Ат-Таҳзиб», «Ҷабира» ва ғайра мебошад. Ш. Орифов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …