Маълумоти охирин
Главная / Биология / САЛМОНЕЛЛËЗҲО

САЛМОНЕЛЛËЗҲО

САЛМОНЕЛЛËЗҲО сирояти шадиди рӯдаи ҳайвоноту одам, ки салдеонеллаҳо (як ҷинси бактерияҳои қаламчашакли ҳогнаофаранда) меангезанд.

ruda
Салмонеллёзҳо дар одам бемории муайянест, ки онро аз тифи шикамӣ (арақии шикампеч) фарқ мекунанд. Манбаи асосии он ҳайвонн касал, баъзан одам (одами касал ё зомили бактерия) мебошад. Салмонеллёзҳо одатан ба воситаи хӯрок (гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шир, тухм, хусусан тухми мурғобию қоз ва ғайра) мегузарад. Зуҳуроти клиникии Салмонеллёзҳо гуногун — аз ҳомили беаломати ангезандаи сироят то шаклҳои уфунӣ мешавад. Давраи ниҳонӣ аз 2— 6 соат то 2—3 шаборӯз давом мекунад. Якчанд шаклҳот клиникии Салмонеллёзҳо маълум аст: меъдаӣ-рӯдаӣ, тифнамо, уфунӣ. Шакли м е ъ д а ӣ-р ӯ д а ӣ аз истифроғу исҳол оғоз ёфта, ҳангоми он шикам дам медиҳад, кас беҳол мешавад, cap, мушакҳо ва банду буғумҳо дард мекунанд, ҳарорати бадан то 36-400С баланд мешавад. Беморӣ 3—7 шаборӯз давом мекунад. Шакли тифнамои Салмонеллёзҳо низ чунин оғоз меёбад. Вале ҳангоми он таб 10—14 шаборӯз давом мекунад, дигару сипурз калон мешаванд, аломатҳои задролудшавии умумӣ (дарди cap, беҳолӣ) баръало зоҳир мегардад, баъзан дар бадан доначаҳо пайдо мешаванд. Дар мавриди шакли уфунӣ баъди давраи кутоҳи оғоз сепсис (уфунати тамоми бадан) инкишоф меёбад. Салмонеллёзҳоро дар асоси маълумоту клиникию эпидемиологӣ ва натиҷаҳои тадқиқи бактериологии фазла, пешоб, хун, қай ва ғайра ташхис менамоянд.
Муолиҷа: шустани меъдаю руӯда, ба миқдори зиёд хӯрдани нушокии ширин; дар мавриди вазнинтар ҷараён кардани беморӣ ба бадан фиристодани маҳлулҳои намакдор; истеъмоли антибиотикҳо, доруҳои зиддиташаннуҷӣ (зидди рагкашӣ).
П е ш г и р ӣ: назорати ветеринарӣ ҳангоми тайёр кардани маҳсулоти гӯштӣ; иҷрои қоидаҳои санитарӣ вақти тайёру захира кардани маҳсулоти хӯрокӣ ва фурӯши он; аз назорати духтур гузаронидани коркунони соҳаи хӯроки умумӣ ва савдо.
Салмонеллёзҳои ҳайвонотро намудҳои гуногуни салмонеллаҳо ба вуҷуд
меоранд. Ба Салмонеллёзҳо асп, гов, бузу гӯсфанд, хук, ҳайвонҳои мӯинадеҳ, паррандаҳо, занбӯри асал ва ҷонварони дигар гирифтор мешаванд. Ҳангоми Салмонеллёзҳо фаъолияти узвҳои ҳазми хӯрок, узвҳои нафас, гардиши хун вайрон мешавад, асабияи марказӣ ва банду буғумҳо осеб меёбанд. Барои пешгирии Салмонеллёзҳои ҳайвонот тадбирҳои зоогигиенӣ ва ветеринарию санитарӣ меандешанд, зайвоноти касалро аз ҳайвоноти солим ҷудо парвариш мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …