Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛМАНАСАР

САЛМАНАСАР

САЛМАНАСАР, номи шоҳони Ошур: Салманасар I, тақрибан cолҳои 1280—1260 то мелод ҳукмрондааст. Муборизаро бо давлати Митониён, ки падараш Ададнирари I cap карда буд, давом дод. Қӯшунҳои Митониён ва дастаҳои ёрирасони хеттҳо ва оромиҳоро торумор намуд, асосан Митониёнро қир кард. Пешравии қӯшунҳон Салманасар I ба сарҳади Кархемиш, ки барои хеттҳо ва Миср хатарнок буд, бастани сулҳи байни подшоҳи хеттҳо Хаттусили III ва фиръавни Миср Рамсеси II, инчунии барқароршавии иттифоқи Хетту Бобулистонро тезонид. Салманасар I дар шимол иттифоқи қабилаҳои Урартуро мағлуб намуд.
Салманасар III, солҳои 859—825 ё 824 то мелод ҳукм рондааст. Писар ва вориси Ашурносириали II (Ашурнацира- пал). Подшоҳии Битаддинро (дар Фуроти Миёна) тобеъ намуд ва якчанд давлатҳои Сурияи шимолиро маҷбур кард, ки андоз диҳанд. Кӯшиши забт намудани подшоҳии Димишқ барор нагирифт. Салманасар III аз шаҳрҳои тоҷири Финикия ва подшоҳии Исроил андоз мегирифт. Аз қаторкӯҳи Загрос ба Шарқ (аз он ҷумла ба Мод), инчунин зидди Урарту юришҳои ғоратгарона кард.
Салманасар V, с-дои 727—722 то мелод ҳукм рондааст. Писар ва вориси Тиглатпаласари III. Дар як вақт бо номи Улулай подшоҳи Бобулистон буд. Зидди Тир ва подшоҳии Исроил амалиётя ҳарбӣ бурд. Имтиёзҳои шаҳрҳои маъбадӣ (Ошур, Сиппар, Ниппур ва Бобул)-ро бекор иамуда, онҳоро маҷбур кард, ки андоз диданд ва ӯҳдадориҳо ҷорӣ намуд. Дар вақти муҳосираи Самария (722 то мелод) аз тахт сарнагун шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …