Маълумоти охирин
Главная / Техника / «САЛЮТ»

«САЛЮТ»

«САЛЮТ», номи як силсила стансияҳои илмии мадории советӣ, ки аз соли 1971 cap карда барои парвоз дар мадори наздизаминӣ (бо кайҳоннавардон ва дар режими автоматӣ) cap дода мешаванд. То ин вақт январи (1985) 7-то ин гуна стансияҳо ба ма­дор бароварда шуданд.

soyuz-11_salyut

Мақсади cap додани стансиҳои «Салют» аз инҳо иборат аст: дар мадор ба «Салют» васл кардани киштиҳои кайҳонии «Союз» санҷиши элементҳои гуногуни стансияи мадории идорашаванда ва асбобу ускунаҳо ва дастгоҳҳои таҷрибаву озмоншҳо ва тадқиқоти илмӣ, омӯхтани ҳолатҳои физи­ологии инсон дар шароити парвозҳои дарозмуддат ва ғайра.

Стансияи «Салют» acocaн аз ду хуҷраи ноирбитӣ (ҳуҷраи гузариш ва ҳуҷраи корӣ) ва як ҳуҷраи ноирбитӣ (ҳуҷраи агрегатҳо) иборат аст. Дар ҳуҷраи гузариш (диаметраш 2 м, дарозиаш 3 м) мушоҳида ва таҷрибаҳои илмӣ гузаронида ме­шавад. Андаруни ин ҳуҷра таҷҳизоти системаҳои танзими ҳарорату таъмини ҳаёт ва дастгоҳҳои илмӣ гузошта шудаанд. Аз беруни он панелҳои батареяҳои офтобӣ, антеннаҳо, афзорҳои қайдгир, агрегатҳои системаи танзими ҳарорат, блокҳои телескопи ситорагӣ ва ғайра ҷойгиранд. Дар ҳуҷраи корӣ асбобу агрегатҳои асосии системаҳои идора, таъмини ҳаёт ва таъмини энергия, дастгоҳи алоқа, инчунии афзорҳо барои гузарондани таҷрибаву мушоҳидаҳои илмӣ гузошта шудаанд. Дар ин хуҷра шароит муҳайё мебошад. Дар қисми пеши ҳуҷраи корӣ пости марказии идораи стансия ҷойгир аст. Ҳамагӣ стансияи «Салют» ҳафт пост дорад ва ба мушоҳидаи сатҳи Замин, гузарондани тадқиқоти тиббию биологӣ, ба кор бурдани дастгоҳҳои илмию навигатсионӣ имкон медиҳад. Ҳуҷраи корӣ 15-то иллюминатор дорад; ғайр аз ин дар он ҷои хобу истироҳати кайҳоннавардон низ ҷойгир аст. Таркиби ҳавои ин ҳуҷра чун таркиби атмосфераи Замин аст. Дар беруни ҳуҷраи корӣ аппаратураи илмӣ, ан­теннаҳо, афзорҳои қайдгир, панелҳои радиаторҳои системаи танзими ҳарорат ва ғайра ҷой гирифтаанд. Дар ҳуҷраи агрегатҳо дастгоҳи муҳаррикии таъдил (коррексия) -и мадор ва захираи сӯзишворӣ, узвҳои системаи ориентатсия, муҳаррикҳои асосӣ ва эҳтиётӣ (барои тоб додани стансия, нигаронб ва устувор доштани он), инчунин як сил сила асбобу агрегатҳо ҷой гирифтаанд. Стансияи «Салют» ҳамагӣ бо зиёда аз 1300 асбобу агрегатҳо ҷиҳозонида шудааст.

«Салют-1» 19 апрели 1971 ба мадоре бароварда шуд, ки перигеяш 200 км, апогеяш 222 км, тамоюли мадораш нисбат ба мадори Замин 51,6 буд. Пер­возт «Салют-1». ки тақрибан 6 моҳ давом кард, аз чанд марҳила иборат буд. Дар марҳилаи якуми парвоз киштии кайҳонии «Союз-10» (бо В. А. Шаталов, А. С. Елисеев, Н. Н. Рукавишников), ки 23 апрели 1971 ба мадор баромада буд ба «Салют-1» васл шуд. Баъди 5 ё 30 дақиқа парвози якҷоя «Союз-10» аз стансия ҷудо шуда, ба Замин баргашт. Марҳилаи дуюми парвози «Салют- 1» 6 июни 1971 оғоз шуд. Он рӯз киштии кайҳонии «Союз-11» (бо В. Н. Волков, Г. Т. Доброволский, В. И. Патсаев) cap дода шуд. Баъди васл ва ба стансияи «Салют» гузаштани кайҳоннавардон аввалин дар ҷаҳон стансияи мадории маскун ташкил ёфт. Дар давоми 23 рӯзи парвоз кайҳоннавардон мушоҳидаҳои астрофизикӣ гузаронданд, системаҳои бортт, агрегатҳо ва аппаратураҳои илмиро дар режимҳои гуногуни кор санҷиданд. Баъди аз стансия ҷудо шудани «Салют-11» «Салют-1» то 11 октябр 1971 дар режими автоматӣ кор кард. Массаи умумии стансия баъди васл шу­дани киштии нақлиётӣ 25,6 т, аз ин ҷумла массаи блоки мадорӣ 18,9 т, массаи киштии нақлиётӣ 6,7 т, мас­сам умумии асбобу афзори стансия беш аз 1,2 т мебошад.

Стансияи «Салют-2» 3 апрели 1973 ба мадоре бароварда шуд, ки параметрҳояш чунин буд: баландии перигей —215 км, баландии апогей — 260 км, та­моюли мадор —51,6. Парвози «Салют-2» дар режими автоматӣ давом кард ва апрели 1973 анҷом ёфт.

Стансияи «Салют-З» 25 июни 1974 бо чунин параметрҳо ба мадор бароварда шуд: баландии перигей —219 км, баландии апогей —270 км, тамоюли ма­дор —51,6. 5 июли 1974 ба «Салют-З» киш­тии кайҳонии «Союз—14» васл шуд. Кайҳоннавардон П. Р. Попович ва 10. П. Артюхин ба стансия гузашта, дар он 15 шаборӯз кор карданд ва 19 июл ба Замин баргаштанд. Аз 26 то 28 август «Салют-З» бо киштии кайҳонии «Союз-15» якҷоя парвоз кард. Парвози «Салют-3» 7 моҳ давом кард ва 24 январи 1975 қатъ гардид.

Стансияи «Салют-4», ки 26 декабрт 1974 ба ма­дор бароварда шуд, аз 12 январ то 9 феврали 1975 бо киштии кайҳонии «Со­юз-17»: (бо А. А. Губарев, Г. М. Греч­ко), аз 24 май то 26 июли 1975 бо киштии «Союз-18» (бо П. И. Климук ва В. И. Севастянов) ва аз 17 ноябри 1975 то 16 феврали 1976 бо киштии «Союз-20» (бепилот) қӯш буд. Пар­вози «Салют-4» 3 феврали 1977 қатъ гардид.

Стансияи «Салют-5» 22 июни 1976 ба мадор бароварда шуд. Дар он тадқиқоту мушоҳидаҳои гуногуни илмӣ якҷоч бо киштиҳои кайҳонии «Союз-21» (бо Б. В. Волтов, В. М. Жолобов), ва «Союз-24» (бо В. В. Горбатко, Ю. И. Глазков) гузаронда шуданд. Парвози «Салют-5» 8 августи 1977 қатъ гардид.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …