Маълумоти охирин

САЛЮТ

САЛЮТ (франсавӣ Saint ва лотинӣ salus — табрик), шакли табрики тантанавӣ ва ифодаи эҳтиромро ба василаи паррондани тири тӯпи милтиқ, барафроштани байрақ ва ғайраро гӯянд. Маъмулан барои қайди воқеаҳои муҳим (масалан, Салют артиллерӣ дар Моск­ва ва дигар шаҳрҳои СССР дар рӯзи идҳои умумихалқӣ), дар вақти парадҳои ҳарбӣ, дар маросими дафни хизматчиённ ҳарбӣ ва арбобони давлатӣ Салют медиҳанд.

salut

Мувофиқи созишномаи байналхалқӣ ва дохилии давлатҳои молоки баҳр Салют ҳамчун шакли ифодаи эҳтироми ҳарбию баҳрӣ пешбинӣ шудааст. Аксар киштиҳои ҳарбӣ ҳангоми даромадан ба бандарҳо Салют медиҳанд ва бандарҳое, ки батареяи соҳилӣ доранд, бо Салют ҷавоб мегардонанд. Салюти миллатҳо — бо 21 бор тир паррондан — аз тарафи киштии ҳарбии хориҷӣ, ки ба обҳои территориявии давлатӣ дигар даромадааст (бо байроқи афроштаи ҳамин мамлакат) ба ҷо оварда мешавад.

Агар дар киштӣ сардори давлат, сафир ё каси дигари олиқадр бошад, аввал форт Салют медиҳад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …