Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛИМЗОДА Абдураҳмон Салимович

САЛИМЗОДА Абдураҳмон Салимович

САЛИМЗОДА Абдураҳмон Салимович (1900, Каттақӯрғони РСС Ӯзбекистон— май 1900, Самарканд) иштирокчии револютсияи халқӣ дар Бухоро, яке аз муборизони фаъоли барно ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1925. Фаъолияти меҳнаткашро дар синни 10-солагӣ ҳамчун шогирди мисгар cap кард.
Соли 1917 ба сафҳои Гвардияи Сурх дохил шуда, музаффариятҳои Револютсияи Октябрро дар Фронти Закаспий муҳофизат кард. Солҳои 1918—1919 бо ҳамроҳии отряди гвардиячиёни сурхи Каттақурғон дар торумор намудани дастаҳои контрреволютсионии гвардиячиёни сафеди Гинзбург, Степанов, Абрамов ва дигарог иштирок намуд,
Соли 1921 котиби масъули Комитет комсомолии Каттақӯрғон ва Кармина. Дар баробари ин аъзои сегонаи фавқулода оид ба муборизаи зидди Босмачиëн дар уезди Каттақӯрғон буд. Соли 1924 котиби масъули Комитети комсомолии уезди Нурато, раиси Бюрои ташкилти КМ комсомолӣ дар Бухорои Шарқӣ. Солҳои 1926—1928 cардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятӣ дар Тоҷикистон. Солҳои 1929—1955 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кор кард. Аз соли 1955 нафақахӯри шахсӣ.
Бо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Советн Олии РСС Тоҷикистон ва нишони сарисинагии «Барои муборизаи зидди босмачиён» мукофотонида шудааст.
Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …