Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛИМОВ Оқил Умурзоқович

САЛИМОВ Оқил Умурзоқович

САЛИМОВ Оқил Умурзоқович (24. 12. 1928, Тошкент), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1957.
Институти политехникии Тошкентро хатм намудааст (1950). Доктори илмҳои техникӣ
(1981). Солҳои 1954 —1965 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра, ҷонишини декан, декани факултети механикӣ, котиби комитети партиявӣ, проректори Институти политехникии Тошкент. Аз августи 1965 ҷонишини мудир ва аз 1966 мудири шӯъбаи илм ва донишкадаҳои олии КМ ПК Ӯзбекистон, 1970— 1983 котиби КМ ПК Ӯзбекмстон буд. Декабри 1983 Салимов Раиси Президиуми Совети Олии РСС Ӯзбекистон интихоб шуд. Ҷонишини Район Президиуми Совети Олии СССР (1984). Аъзои КМ ва аъзои Бюрои КМ ПК Ӯзбекистон (аз октябри 1970). Вакили съездҳои 24—26-уми КПСС. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 11) ва РСС Ӯзбекистон (даъватҳои 7—11). Бо ордени Револютсияи Октябр, 4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …