Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛИМИ I

САЛИМИ I

САЛИМИ I (1467/68 ë 1470/71—20. 9. 1520), султони Туркия аз соли 1512. Баъди он, ки дар ҷангҳот байниқабилавӣ муқобилати бародарони калонашро бартараф намуда, онҳоро якҷои бо писаронашон ба қатл расонд, бо мадади яничарҳо падари худ Боизиди II.-ро аз тахт сарнагун сохт. Ӯ тахти шиори мубориза бо аҳли шиа бар зидди Эрони Сафавӣ баромада, соли 1513 дар Анатолия қариб 40 ҳазор нафар шиаҳоро аз дами теғ гузаронд. Соли 1514 бошад, дар муҳорибаи назди Чалдорон армияи шоҳ Исмоили I-ро торумор намуда, ғанимати зиёде ба даст овард ва пойтахти Сафавиён — Табрезро ишғол кард. Дар бозгашт (1515) тамоми Анатолияи Шарқӣ, Арманистон ва Курдистонро забт намуда, соли 1516 Ироқи Шимолӣ, Сурия, Фаластин, 1517 Мисрро истило кард. Баъди ин ба Салими I шаҳрҳои муқаддаси олами ислом — Макка ва Мадина тобеъ шуданд, ки ин эътибори султонҳои туркро дар байги мусулмонон хеле баланд кард. Соли 1519 ӯ шӯришт Ҷалолиро пахш кард. Ҳангоми тайёрӣ ба юришт нав (ба Родос ва Ҳиндустон) ногаҳон вафот кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …