Маълумоти охирин

САЛИБ

САЛИБ (ар. — чалипо), чӯб ё дигар чизи чорчиллик аст, ки дар дини насоро ба вай ибодат кунанд; яке аз рамзҳои асосӣ ва аломати парастиши масеҳӣ. Салиб  ҳамчун фетиш дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шуда, минбаъд ҳамчун рамзи динӣ дар эътиқодҳои динии Мисри Қадим, Бобулистон, Юнони Қадим, Рими Қадим ва ғайра мақоми махсус дошт.

krest-01

Дар Империяи Рим, ки масеҳият ташаккул меёфт, иншооти чӯбӣ ба шакли Салиб барои қатли ғуломон истифода мешуд. Калисои масеҳӣ ба Салиб саҷда карданро бо ривояти динии салби Исои Масоҳ марбут медонад. Дар масеҳият Салиб ба рамзи азобу кулфате, ки ба воситаи он гуноҳи бандагонро мехаранд (аломати наҷоту ҳаёти ҷовидонӣ), табдил ёфтааст. Дар масеҳияти ибтидоӣ аломати Салиб ҳамчун рамзи динӣ вуҷуд надошт. Парастиши он тақрибан аз асри 4 cap шуд ва дар ҳамин вақт тасвири салби Исои Масеҳ пайдо гардид. Тасвири Салиб баъдтар ҳамчун рамзи ҳокимияти дунявӣ дар тоҷи императорҳо, тангаҳо, гербҳо ва ғайраҳо низ дида мешуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …