Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛАВАТ ЮЛАЕВ

САЛАВАТ ЮЛАЕВ

САЛАВАТ ЮЛАЕВ (16. 6. 1752, деҳаи Текеево, ҳозира райони Салавати РАСС Бошк.—8. 10. 1800, бандари Рогервики Балтика, ҳозира шаҳри Палдиски РСС Эст.), қаҳрамони халқи бошқирд, ҳамсафи Е. И. Пугачёв, шоири баҳсҳагӯй. Октябри 1773 ӯро бо отряди стерлитамакҳо ба мудобили Пугачёв сафарбар карданд, аммо Салават Юлаев ба тарафи шӯришгарон гузашт. Пугачёв ба Салават Юлаев унвони полковникиро дод. Охири ноябри 1773 ӯ ба Шимолу Шарқи Бошқирдистои рафта отряди 10 ҳазор нафара ҷамъ кард ва ҳамроҳи шӯришгарои дар районҳои Красиоуфимск на Кунгур бо муваффақият ҷангид. Охири май ва июни 1774 ҳамроҳи Пугачёв амал мекард. Пугачёв ба Салават Юлаев барои лашкаркаши моҳир буданаш унвони бригадирро дод. Баъди шикасти шӯриш ва ҳабси Пугачёв ҳам ӯ муборизаро давом дод. 24 ноябри 1774 дар надикии деҳаи Медяш асир афтод. Ӯро аввал ба Уфа ва баъд ба Москва фиристоданд. Сентябри 1775 ҳамроҳи падараш ӯро қамчинкорӣ кардаанд ва ба баданаш тамға зада, 3 октябри 1775 ба қалъаи Рогервики Балтика ба каторгаи якумра фиристоданд.
Ашъори Салават Юлаев яке аз намунаҳои беҳтарини ядабиёти тороволютсионии Бошқирдистон мебошад. Шеърҳои ӯ халқро ба муборизаи зидди золимон даъват карла, аз даҳон ба даҳон мегузаштанд. Дар Бошқирдистон барои абадӣ гардонидани хотираи ӯ ба яке аз шаҳрҳо номи Салават гузошта шудааст. Барои беҳтарин асарҳои адабиёт ва санъат мукофоти давлатии РАСС Бошқ. ба номи Салават Юлаев таъсис шудааст.
Образи Салават Юлаев дар асарҳои А. С. Пушкин, П. П. Бажов, С. Л. Злобин ва дигар адибон инъикос ёфтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …