Маълумоти охирин
Главная / Биология / САЪЛАБИҲО

САЪЛАБИҲО

САЪЛАБИҲО (ОгсЫдасеае), як ои- лаи гиёҳҳои бисьёрсола, эпифитҳо (бештар дар тропика) ва баъзе лиа- наҳоро гӯянд. Саълабиҳое, ки дар замин ме- сабзанд, одатан решапоя ё решаи лӯндашакл доранд. Онҳо асосан дар маргзор, шибарзамин, беша, соҳили рӯдҳои кӯҳй мерӯянд. Эпифитҳо, яъне Саълабиҳое, ки дар шохаву танаи дарахтон месабзанд, решаи овезони ҳавоӣ доранд. Дар решаи баъзеи онҳо фотосинтез мешавад. Барги Саълабиҳо таназзул ёфта, ба пулакчаи беранг мубаддал шудааст. Пояи баъзеи онҳо ғафс аст, ки «саълаб» (туберидия) мегӯянд; онҳо об ва моддаҳои ғизоиро гирд меоранд. Гули гуногунранги як ё дуҷинса, хӯшагули сергул (да- розиаш баъзан то 2—3 метр), ғӯзаи 3— 6-паллаи сертухм (дар як ғӯза то 3—4 миллион дона) дорад.

salab

Тухми онҳоро шамол пош медиҳад. Саълабиҳо қариб 800 ҷинс ва то 30 ҳазор намуди растаниҳоеро дар бар мегиранд, ки дар бисёр кишварҳои дунё (махсусан дар ноҳияҳои серрутубати бешазори тропикӣ ва субтропикии Осиё ва Америка) маъмуланд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР беш аз 120 намуди худрӯи Саълабиҳо ҳастанд. Дар Тоҷикистон 9 намуди Саълабиҳо маълуманд: Еи1орЫа 1игк1з1ап1са (ҷойҳои серру- тубат, шибарзамин, туғайзори ҷануби республика; 650—800 метр аз сатҳи баҳр), (тӯсзори сернам, шибарзамин, аз қаторкӯҳи Зарафшон то қ-кӯҳи Пётри 1 ва Помири Шарқӣ; 2100—3100 метр), 3 намуди Ер1рас- 1из (ҷойҳои сернами ноҳияҳои кӯҳсор), намудҳои нодири 2еихше з1га- 1оитаИса (маҳалҳои сернами водии дарёҳо, дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз), Сое1о£1оззит утде (арчазори нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор) ва 4 намуди саълаб — ОгсЫз (ноҳияҳои кӯҳсор, шибарзамини водии дарёҳо). Саълабиҳо растаниҳои ороишианд (Сое1о£у- пе, СаШеуа, Уаоайа ва ғайра). Меваи баъзеи онҳоро дар қаннодӣ ва атриёт истифода мебаранд. Аз лӯндабехи онҳо (ОгсЬ1з) дору тайёр мекунанд.
Адабиёт: Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 2, Москва —Ленинград, 1963; Селезиева В. А., Тропи- ческие и субтропические орхидеи, Москва, 1965. С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …