Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САЛҒУРИЁН

САЛҒУРИЁН

САЛҒУРИЁН           (1148-1270), сулолаи отабекҳое, ки тақрибан 120 сол дар Форс — аввал ҳамчун волии Салҷуқиён, сипас (асри 13) ҳамчун волии Хоразмшоҳиён ва Чингизиён ҳукмронӣ кардааст. Салғуриён аслан туркмананд. Асосгузори сулолаи С. Сунқар аз ҷангу низоъҳое, ки дар замони ҳукмронии султони салҷуқӣ Масъуд ибни Муҳаммад ҷой доштанд, истифода бурда, мавқеи худро дар Эрони Ҷанубӣ мустаҳкам намуд. Дар аҳди Иззуддин Саъд ибни Зангӣ Форс хеле тараққӣ карда, дар замони ҳукмронии писари ӯ Абубакр вассали хон­ҳот муғул — Уқтой ва Ҳалоку гашт. Абӯбакр аз муғулҳо лақаби Қутлуғхонро гирифт. Охирин ҳокими С. Абашхотун ба писари Ҳалоку Мен-гю-Темур ба шавҳар баромад. Мен- гю-Темур бошад, билохир худ заминҳои Салғуриёнро ба даст даровард.

Ҳ о к и м о н и Салғуриён: Музаффаруддин Сунқар, Музаффаруддин Зангӣ, Дағала (Дакла), Туғрул, Иззуддин Саъди I, Абӯбакр Қутлуғхон, Саъдӣ II, Муҳаммад, Муҳаммадшоҳ, Салҷуқшоҳ, Абашхотун.

Ад.: Б о с в о р т К. Э.. Мусульманские династии, пер. с англ., М., 1971.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …