Маълумоти охирин
Главная / Илм / Аломати сакта – Ъ

Аломати сакта – Ъ

sakta

Ъ, аломати сакта, ҳарфи бисту ҳаштуми алифбои ҳозираи тоҷикист, ки аз алифбои русӣ (1940) гирифта шудааст. Дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ (1930—40) бо апостроф, ишора мешуд. Шакли навишти чопиаш Ъъ, дастнависаш Ъъ мебошад.

Аломати сакта (ъ) дар забони тоҷикӣ ду вазифаро иҷро мекунад: 1) Дар калимаҳои арабӣ ба ҷои  овози хамсадои ҳалқии зич «айн» меояд, вале талаффузи он ба ғайр аз баъзе лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ (мас., водии Зарафшон, дараи Варзоб, p-ни Сариосиёи РСС Узб.) ба аслиаш мувофиқат намекунад. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик талаффузи ин овоз одатан ба тариқи ист (таваққуф)-и кутоҳмуддат ба вуҷуъ меояд. Мас., маълум (ма-лум). Варианти дигари талаффузаш бо дараҷаи сусти талаффузи «айн», яъне каме таранг ва зич шудани деворҳои ҳалқ ва сипас фавран аз ҳам ҷудо шудани он ҳо («таркиш»-и суст) баробар аст (маълум — маълум; маъруф — маъ-руф — маруф ва ғ.). Ҳангоми баъд аз ҳамсадо ва пеш аз садонок омаданаш (суръат, масъул, қатъӣ ва ғ.) бо таъсири он садонок бошиддат талаффуз мешавад. Дар байни ду садонок (таъин, фаъол ва ғ.) талаффузи сахттари таркишмонанд ба вуҷуъ меояд. Дар аввали калимаҳои иқтибосии арабӣ талаффуз мешавад, вале дар хат ифода намеёбад. (арабӣ, — оид, — арӯз, — и борат,           — аср ва ғ.). Дар охири калимаҳо, инчунин пеш аз ҳамсадоҳо ба таран «таркиш»-и сус талаффуз мешавад .(мисаъ, мисаъҳо; матоъ, матоъҳо; мавқеъ, мавқеъҳо ва ғ.), вале пеш аз бандаки изофӣ ё дигар овози садонок биёяд, дар хат ифода намеёбад (матбуӣ… матоӣ…, мавқеӣ… ва ғ.).

 

2) Дар калимаҳои советию интернационалӣ, ки дар збони тоҷиӣ қабул гардидаанд, пеш аз йотбарсарҳо ҳамчун аломати ҷудокунанда ва шиддатнокӣ талаффуз ва навишта мешавад (съезд, объект, субъект, адъютант ва ғ.).

В. Капранов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …