Маълумоти охирин

САКТА

САКТА, инсулт, ихтилоли тезинкишофёбандаи гардиши хуни мағзи cap, ки боиси осеб ёфтани бофтаҳои майна ва вайроншавии фаъолияти онҳо мегардад. Чунон ни дар «Тибби Юсуфӣ» омадааст, «Сакта, ки иборат аз ботил шудани ҳиссу ҳаракати ҷамеӣ аъзост, чун аз хун бошад, аломаташ пурит рагҳост, бо соири аломати ғалабаи хун».

900877_2004920

Аз ин ҷиҳат сабаби асосии Сакта бемогши гипертония (баланд щудани фишори хун) ва атеросклероз ё аксаран бемории дил, тарбод ва баъзан иллатҳои хун ва ғайра мебошад. Сакта ду хел мешавад: хунрез ва камхун. Сактаи х у н р е з бештар дар натиҷаи хунрезӣ дар майна ҳангоми фишорбаландӣ ба вуҷуд меояд. Сабаби бевоситаи хунрезии майна аксаран шиддати эҳсос аст. Хуни аз paг беруномада қисман бофтаҳои асабро вайрон ва онҳоро фишурда боиси варами мийна мегардад. Азҳушравӣ, ихтилоли нафаскашӣ ва кори дил, қайкунӣ ва ғайра зуҳуроти умумим Сакта мебошанд; ҳангоми Сактаи хунрез фалаҷи дасту пой, ихтилоли ҳиссиёт, вайроншавии нутқ низ инкишоф меёбад. Сакта
камхунро пӯлашавии бофтаҳои майна — инфаркти (эҳтишои) майна сабаб мешавад. Дар аксар ҳолатҳо барои пайдоиши Сактаи камхун иллати атеросклерозии рагҳои калони мағзи cap ва ба гардан раванда (артерияҳои хоб ва сутунмӯҳра), инчунин омилҳои асабӣ ва мубодилавӣ аҳамияти калон дорад. Ҳангоми Сактаи камхун ранги рӯи бемор мепарад. Фалаҷҳо, ихтилоли ҳиссиет, нутқ ва дигар аломатҳо ба тадриҷ авҷ мегиранд.
М у о л и ҷ а: ороми, риояи режими бистарӣ; барои муолиҷаи осори Сакта варзиши шифоӣ, масҳ (массаж), машғулияти логопедӣ низ равост.
II е ш г и р ӣ: режими дурусти меҳнат, истироҳат ва хӯрок, муолиҷаи бемориҳои умумии paг.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …