Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САКСОНИЯИ ПОËН

САКСОНИЯИ ПОËН

САКСОНИЯИ ПОËН (Nicdersaclisen), сарзаминест дар қисми шимолии РФГ, дар ҳавзаи дарёҳои киштигарди Везер, Эмс, Элба. Аз Шимолу Ғарб бо баҳри Шимолӣ иҳота шуда аст; дар назди соҳил ҷазираҳои сершумор — Фризи Шарқӣ ва ғайра мавҷуданд. Қисми зиёди Саксонияи Поён дар ҳудуду ҳамвориҳои Европаи Миёна ҷойгир аст. Дар Ҷанубу Шарқи кӯҳҳои Гартс (балан- диаш то 1142 м, к. Броккен) воқеъ гаштаанд. Масоҳати Саксонияи Поён 47.4 ҳазор км2. Аҳолиаш 7,3 млн нафар (1975), аз он ҷумла 82% шаҳриён. Маркази маъмуриаш Ганновер. Саксонияи Поён ноҳияи индустриалию аграрист. Дар территорияи Саксонияи Поён конҳои нефту гази табиӣ, маъдани оҳан, маъдани металлҳои ранга, намаки калий ва намаки ош, торф, инчунин захираи на чандон калони ангишт ҳаст. Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ, электротехникӣ, хӯрокворӣ, бофандагию дӯзандагӣ, химия ва коркарди нефт, металлургияи сиёҳ. Корхонаҳои калонтарин: комбинати металлургӣ, заводҳои автомобилҳои
сабукрави «Фолксваген», автомобилҳои боркашу автобусҳо ва ғайраҳо. Саксонияи Поён ноҳияи муҳими хоҷагии қишлоқи РФГ низ
мебошад. 42,4% заминҳои хоҷагии қишлоқро марғзору чарогоҳҳо ишғол кардаанд. Зироати хӯроки чорво, бехмева, картошка,ҷав , гандум, ҷавдор мекоранд. Муҳимтарин бандарҳои баҳриаш: Вилгслмсхафси, Эмден, Норденхам, Браке. Канали Германияи Миёна киштигард аст. Аз Вилгслмсхафен то Вссселинг нефтенровод мегузарад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …