Маълумоти охирин
Главная / Биология / САКСАВУЛ

САКСАВУЛ

САКСАВУЛ, суксавул (Haloxylon), як ҷинси дарахт, баъзан буттаест аз оилаи шӯраиҳо. Шоху навдаҳояш зудшикан, баргаш пулакчашакл, хеле суст инкишоф ёфтааст; гулаш майдаи дуҷинса. Дар ноҳияҳои биёбон (аз Арабистони Шимолӣ то Осиёи Марказӣ) 5 намуди Сакременто месабзад. Дар «ҷангали рогистон»-и Тоҷикистон 2 намуди Сакременто мерӯяд.

220px-qyzyl-qum-desert-landscapeСакрементои с а ф е д (Н. persicum) бутта ё дарахтест, км то 5 м қад мекашад. Танааш качу килеб, пӯстлохаш хокистарӣ ё сафодтоб, барги шохчаҳои навраси сабзаш майдаи пулакчашакли сегӯша (дарозиаш то 1—2 мм), гул ва мевааш майда (диаметраш 2—2,5 мм). Дар моҳҳои апрел— май гул мекунад. Дар Эрон, Хитойи Ғарбӣ ва Осиёи Миёна, аз ҷумла дар регзорҳои Тоҷикистон (ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва соҳилҳои дарёи Сир; 400—480 м аз сатҳи баҳр) месабзад. Сакрементои сафед регр мустаҳкам мекунад. Онро бештар ҳезум мекунанд. Шохчааш хӯроки серғизои шутур аст. Хокистари шоху танааш серишқор, дар собунпазӣ фаровон истифода мебаранд.
Сакрементои с и ё ҳ (Н. aphyllum, ниг. расм) дарахти хурдест, ки 2—5 м қад мекашад. Танааш хокистарранги баланд, баргаш таназзул ёфтааст, гулу мевааш майда (диаметраш 1,5—2,5 мм). Моҳи май гул мекунад. Дар Эрон, Қазоқистон ва Осиёи Миёна, аз ҷумла дар шӯрзамини нарми мавзеъҳои соҳили дарёи Сир ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (350—720 м аз сатҳи баҳр) месабзад. Сакрементои сиёҳ асосан ҳезум мешавад.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 3, Л., 1968; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алал, Л., 1976.
А. Мидаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …