Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САКОИҲО

САКОИҲО

САКОИҲО, номи қабилаҳои эронизабон (аксаран кӯчманчиён), ки дар ҳазораи 1 то мелод ва асрҳои аввали милод зиндагӣ мекарданд. Дар бораи Сакоиҳо доир Авесто, таърихномаҳои ошуриҳо, ки ба солҳои 641—640 то мелод дахл доранд, дар манбаъҳои атиқа, катибаҳои эронии қадим, солномаҳои хитоӣ, маъхазҳои ҳиндӣ ва ғайра маълумот дарҷ шудааст (Дар маъхазҳои атиқа одатан Сақоиҳо ва скифҳо ба як маъно омадаанд). Дар катибаҳои эронии қадим се гурӯҳи Сақоиҳо ном бурда шудаанд: Сақоиҳои ҳавмаварг (дар асарҳои муаллифони атиқа аморгиҳо), Сақоиҳои тиграхавд («кулоҳборик») ва Сақоиҳои «он сӯи баҳр» (яъне скифҳои Причерномория). Дар адабиёти муосири илмӣ қабилаҳои қадимаи ноҳияҳои шимолӣ ва шарқии Осиёи Миёна, Қазоқистон, Туркистони Шарқӣ бар хилофи массагетҳои ба онҳо хеши назди баҳри Аралу Закаспий ва скифҳои шимоли назди баҳри Сиёҳ Сақоиҳо номида шудаанд. Дар охири асри 6 ва ибтидои асри 5 то мелод як қисми Сақоиҳоро шоҳони Эрон (аз сулолаи Ҳахоманишиён) ба худ тобеъ карданд ва аз онҳо андоз ва аскар мегирифтанд; Сақоиҳо аз тарафи лашкари форсиён дар ҷангҳои Юнону Эрон (500—449 то мелод) иштирок карданд, дар вилоятҳои гуногуни давлати Ҳахоманишиён хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварданд. Машғулияти асосии Сақоиҳо чорводории кӯчӣ буд; гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо ба ҳаёти муқимӣ мегузаштанд. Дар маҳалҳои Сақоиҳои Осиёи Миёна ҷамъияти синфӣ ба вучуд меомад. Дар байни Сақоиҳо просесси ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудошавӣ оғоз меёбад; табақаи аъёни Сақоиҳо сарват меғундошт; дар баробари ин муносибатҳои авлодию қабилавӣ низ мавқеъ доштанд. Миёнаҳои асри 3 то мелод як гурӯҳ қабилаҳои Сақоиҳо ба хоки Порт зада даромаданд ва дар ташкилшавии давлати Порт саҳм доштанд. Баъдтар ин қабилаҳо ба маҳалли Дрангиён даромада, дар он ҷо муқимӣ шуданд ва ба Дрангиён номи Сакистон («мамлакати Сақоиҳо», ҳозира Систон)-ро доданд. Дар охири асри 2 ва нимаи аввали асри 1 то мелод Сақоиҳо ба Ҳиндустони Шимолӣ cap дароварданд. Дар территорияи ҳозираи Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустони Шимолӣ дар асрҳои аввали солшумории мо Сақоиҳо, эҳтимол, бо халқҳои маҳаллӣ ва қабилаҳои кӯчманчӣ омехта шуданд. Дар Туркистони Шарқӣ (Хутан) забони онҳо то асри
10 солшумории мо боқӣ монд. Сақоиҳо дар этногенези халқҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва Ҳиндустони Шимолӣ мавқеи калом доштанд.
Ëдгориҳои мадании Сақоиҳоро археологҳои советӣ дар маҳалҳои ҷануби РСС Қазоқистон, РСС Ӯзбекистон, РСС Тоҷикистон ва РСС Қирғизистон кашф карданд. Сақоиҳо асосан худои олӣ— Офтобро мепарастиданд. Ба санъати Сақоиҳо тасвири хайвонот хос аст. Эпоси Сақоиҳо хеле қадимию хеле бой аст.
Ад.: Бернштам А. Н.. Историко- археологические очерки Центрального Тянь-Шаня и Памиро-Алап, М.—Л., 1952; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М., 1972; Литвинский Б. А., Древние кочевники «Крыши мира», м , 1972; Артамонов М. И., Сокровища саков, М., 1973; Вишневская ‘О. А., Культура сакских племён низовьев Сырдарьи в VII—V вв до н. а., М.‘, 1973;
П ь я н к о в И. В., Саки (содержание понятия).— «Изв. ООН АН Таджикской ССР», 1968. 3 (53); Фрай Р.. Наследие Ирана, М., 1972.
X. Муҳиддинов, Қ. Бобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …