Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙЯН Луи

САЙЯН Луи

САЙЯН (Saillant) Луи (27.11. 1910, Баланс, департаменти Дром — 28. 10. 1974, Париж), ходими ҳаракати иттифоқҳои касабаи Франсия ва байналхалқӣ. Аз оилаи коргар. Ихтисосаш мебелсоз. Сайян 1937 котиби Федератсияи миллии коргарони чӯбкор, 1938 аъзои Комиссияи маъмурии Конфедератсияи умумии меҳнат (КУМ)-и Франсия интихоб шуд. Сайян дар давраи аз тарафи фашистони немис истило шудани Францся (1940—1944) дар Ҳаракати Муқобилат фаъолона иштирок кард. Соли 1944 раиси Совети миллия Муқобилат. Солҳои 1944—1948 яке аз котибони КУМ. Солҳои 1945—1969 коти¬би генералии Федератсияи умумиҷаҳонии иттифоқҳои касаба (ФУИК), аз соли 1969 раиси фахрии ФУИК ва ко¬тиби КУМ. Сайян иштирокчии намоёни Ҳаракати тарафдорони сулҳ, аъзои Бюрои Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ (СУС, аз соли 1950), аъзои Президиум (аз с. 1966), раиси фахрии СУС (1974). Лауреати Мукофоти байналхалқии Ленинӣ «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байни халқҳо» (1958).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …