Маълумоти охирин

САЙРАМ

САЙРАМ, С а р ё м, номи шаҳри қадимест, ки дар Осиёи Миёна вуҷуд дошт. Сайрам дар асрҳои миёна яке аз шаҳрҳои мутараққӣ, маркази ҳунармандӣ ва тиҷоратии Осиёи Миё¬на буд. Дар манбаъҳои ҳаттии асри 10 бо номи Ал-Мадинатулбайзо (шаҳри Сафед), Исфиҷоб маълум аст. Номи Сайраи дар маъхазҳои асри 11 зикр шудааст. Сайрам асрҳои 14—15 дар ҳайати давлати Темуриён буда, охири асри 15 онро Шайбонихон истило намуд. Ҳоло димнаи Сайраи 12 км дуртар аз шаҳрт Чимкенти РСС Қазоқистон дар водии дарёи Арис воқеъ аст.
Ад. Ғафуров Б. Г., Таджики. Древ¬нейшая, древняя и средневековая исто¬рия, М., 1972.
А. Валиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …