Маълумоти охирин

САЙР

САЙР, сайл, фасли муайяни сол дар майдони кушод, ҷои сояю сал¬қин, лаби дарёю кӯл ҷамъ омада тамошою истироҳат кардани мардум. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр сари сол, идҳои динию маросимӣ ё ба ягон муносибате ташкил мешуд ва аз як ҳафта то ду моҳ аз пагоҳ то бегоҳ давом мекард. Дар сайргоҳ ошҳона, чойхона, дӯконҳои гуногун (атторӣ, баққолӣ) ва ғайра мекушоданд, пойга, бузкашӣ, гӯштин, чавгонбозӣ таш¬кил менамуданд, дарбазону ҳофизон, созандагону раққосон, масхарабозону аскиячиён ҳунарнамоӣ мекар¬данд. Мору хирсҳоро бозӣ, шутур, тагал, хурӯс, сагҳоро ҷанг медоронданд, мушакбозӣ мекарданд.

s1200
Сайр дар замони советӣ мазмуни нав гтрифта, ба иди умумихалқӣ табдил ёфт. Халқ Якуми Май, дар ҷашни Октябр, 8-уми Март, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Конститутсия, Иди ҳосилот ва ба дигар муносибатҳо Сайр ташкил намуда, зафарҳои меҳнатии худоо намоиш медиҳад. Наврӯз, саёҳати дараю кӯҳсор, лолачинӣ, сайри харбуза, сайри гули сурх, намудҳои писандидаи дилхушии халқ мебошанд.
А. Валиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …