Маълумоти охирин

САЙМА

САЙМА (Sаima), Саймак К а л о н, системаи кӯлҳоест дар ҷанубу шарқи Финляндия. Масоҳати умумиашон 4,4 ҳазор км2. Чуқуриашон то 82 м. Соҳили кӯлҳо пурпечутоби шахдор буда, бо бешаҳо пӯшида шудаанд. Ҷазираҳо бисёранд.

e0zvc80bf9szjw7wiswf

Ба Сайма дарёҳои бисёре мерезанд. Кӯлҳо ноябр-декабр ях баста, апрел-май об мешаванд. Саймаро дарёи Вуокса бо кӯли Ладога ва канали Сайма бо халиҷи Фин мепайванданд. Сайма киштигард аст. Дар соҳилҳои он бандарҳои Миккели, Лаппенранта, Савонлинна, Йоэнсу воқеанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …